Дар идомаи сафари кории худ ба ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода имрӯз дар маросими ифтитоҳи Маҷмааи истеҳсолию хизматрасонӣ, воқеъ дар деҳаи Баҳории Ҷамоати деҳоти “Ҳалевард”, иштирок намуд.

Маркази савдо ва хизматрасонии мазкур аз коргоҳи дӯзандагӣ, бунгоҳи тиббӣ, сартарошхона, мағоза ва ҳаммом барои занону мардон дар дурдасттарин деҳаи ин ноҳия, ки 65 километр аз марказ масофа дорад, иборат мебошад.

Ба раиси вилоят иттилоъ доданд, ки сохтмони маҷмааи истеҳсолию хизматрасонии “Маъсума” аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Маҳмадшариф Асадуллозода бо харҷи як миллиону 300 ҳазор сомонӣ дар фурсати хеле кӯтоҳ – камтар аз як сол ба анҷом расида, мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шудааст.

Сокинони ин деҳаи дурдаст аз ифтитоҳи чунин маҷмааи савдо ва хизматрасонӣ, ки дар он 20 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин шудаанд, изҳори шодмонӣ карданд.

Раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода ба оилаи Асадуллозодаҳо барои иштироки фаъолонаашон дар корҳои ободонию созандагӣ миннатдорӣ баён намуд.

Дар арафаи Рӯзи Конститутсия ифтитоҳ шудани ин марказ фоли нек аст, — қайд кард раиси вилоят. – Дар Конститутсия меъёри бунёдӣ ва бисёр муҳимми иқтисодиёт пешбинӣ шудааст, ки он эътирофи шаклҳои гуногуни моликият мебошад. Давлат фаъолияти озоди иқтисодӣ, соҳибкорӣ ва ҳифзи ҳуқуқии ҳамаи шаклҳои моликият, аз ҷумла моликияти хусусиро кафолат додааст.

Дар заминаи ин меъёри конститутсионӣ дар солҳои истиқлол соҳибкорӣ, аз ҷумла соҳибкории хурду миёна ва соҳибкории истеҳсолӣ босуръат рушд карда истодааст.

Қурбон Ҳакимзода афзуд, ки Ҷиҳати дар сатҳи баланд ҷашн гирифтани 30-солагии истиқлоли давлатӣ ҳоло дар вилоятамон корҳои созандагиву ободонӣ бо иштироки фаъолонаи кулли шаҳрвандон, соҳибкорон ва дигар шахсони ватандӯсту бонангу номус вусъати бесобиқа пайдо карда, иншооти зиёди иҷтимоӣ сохта ва мавриди истифода қарор гирифта истодааст.

Роҳбари вилоят изҳори итминон кард, ки фаъолон, соҳибкорони баномус ва тамоми мардуми шарафманди Хатлонзамин даъватҳои Пешвои муаззами миллатро ҷиҳати вусъати корҳои ободонию созандагӣ ба ҷон пазируфта, бо рӯҳияи баланди меҳанпарастӣ ба истиқболи сазовори 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамаҷониба омодагӣ мебинанд ва дар бунёди мактабу кӯдакистон, майдонҳои варзишӣ, коргоҳу корхонаҳои истеҳсолӣ, муассисаҳои фарҳангӣ, бунгоҳу муассисаҳои тиббӣ, биноҳои маъмурию истиқоматӣ, ҳаммому сартарошхонаҳо, хатҳои обгузар ва ғайра минбаъд низ дар якҷоягӣ саҳми муносиби худро хоҳанд гузошт. Ин ободкориҳо, бешубҳа, ба некӯаҳволии мардуми Тоҷикистон мусоидат хоҳанд кард.

Шуъбаи иттилоотию таҳлилии

дастгоҳи раиси вилояти Хатлон

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here