Раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода 31 декабр дар доираи сафари кории худ ба ноҳияи Ховалинг дар расми гузоштани санги асос барои бунёди муассисаи томактабӣ барои 100 нафар кӯдакони хурдсол дар деҳаи Сиёҳфарк иштирок намуд.

Ба раиси вилоят маълумот доданд, ки иншооти мазкур дар доираи нақшаи чорабиниҳо бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон  ба маблағи 1,5 миллион сомонӣ бунёд хоҳад шуд. Соҳибкорон Соҳибов Фатҳулло ва Қосимов Ҷумъахон ният доранд, ки ин муассисаи таълимии томактабиро моҳи июни соли 2020 дар арафаи ҷашни Ваҳдати миллӣ мавриди истифода қарор диҳанд.

Қобили зикр аст, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олии мамлакат қайд карданд: “Вазифаи муқаддаси ҳар яки мост, ки ба хотири пешрафти минбаъдаи Тоҷикистони азизамон ва фароҳам овардани шароити зиндагии арзанда барои сокинони кишвар саъю талош намоем”.

Қурбон Ҳакимзода таъкид намуд, ки ин гуна иқдому ташаббусҳо, ки имрӯзҳо аз ҷониби соҳибкорони ҳимматбаланди номбаршуда амалӣ шуда истодаанд, ҳамеша қобили таҳсину дастгирӣ мебошанд. Раиси вилоят ба масъулони сохтмон ва бинокорон ҷиҳати дар муҳлати муайяншуда, бо сифати баланд ва бо тарҳи муосир ба анҷом расонидани сохтмони кӯдакистон дастуру машваратҳои судманд ироа намуд.

Шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилоят

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here