Имрӯз, 6 июн, сохтмони манзилҳои зисти шаҳрвандоне, ки дар натиҷаи омадани сел ва ярч рӯзҳои 14-16 майи соли 2020 дар деҳаҳои Хуросон, 18-ум анҷумани ҳизб ва Неъматулло Асадуллои ноҳияи Хуросон зарар дида буданд, вусъати тоза касб намуд.

Тавре ки қаблан иттилоъ дода будем, дар маҳаллаи навбунёди Чорбоғ ба ҳар яке аз 67 хонаводаи зарардида 8-сотихӣ замин барои сохтмони манзил ҷудо шудааст. Сохтмони хонаҳои нав бомаром идома дорад.
Тибқи дастури раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода бо мақсади тезонидани корҳои сохтмонӣ (шабона) дар ин маҳал чароғҳои неруманд насб карда шуда, хати оби нӯшокӣ кашидаанд. Инчунин, барои 930 нафар аҳолии зарардида аз офати табиӣ ва сохтмончиёну коргарони ихтиёрӣ ду вақт — нисфирӯзӣ ва шомгоҳ таоми гарм таҳия ва таъмин карда шуд.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ба Ситоди бартарафкунии офати табиӣ дар ноҳияи Хуросон 1 адад нақлиёти тамғаи Уралро, ки дорои таҷҳизоти зарурӣ барои ташкили ситоди сайёр аст, дастрас намуд.
Аз тарафи муассисаи нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди ноҳияи Хуросон бо як адад грейдер 1 км мавзеи шаҳрчаи хаймавӣ ҳамвор карда шуд. 1 адад мошини борбари “КАМАЗ” барои кумаки аҳолӣ дар корҳои сохтмонӣ сафарбар шудааст. Аз тарафи ширкати “Синоҳайдро” дар Тоҷикистон бошад, 2 адад “КАМАЗ” ҷудо карда шуда, дар бунёди манзилҳо ба аҳолии зарардида хизмат мерасонад.
Танҳо бо ибтикори хоҷагии ҷангали ноҳияи Хуросон 5 рейс санг барои рафти сохтмони хонаҳо кумак расонида шуд.
Дар шаҳрчаи хаймавӣ навбатдории шабонарӯзии табибон ва оташнишонҳо бо воситаҳои нақлиётии махсус ташкил карда шудааст. Тамоми хонаводаҳо аз муоинаи тиббӣ гузаронида шуда, машварати табибонро мегиранд. Кӯдакон моякӯбӣ мешаванд.
Тамоми қаламрави шаҳрчаи хаймавӣ пурра бо барқ таъмин карда шудааст.
Шуъбаи иттилоотию таҳлилии
дастгоҳи раиси вилояти Хатлон