Муовини раиси вилояти Хатлон Фирӯза Шарифӣ барои иштирок дар чорабиниҳои ҷашни Наврӯз ба ноҳияи Балҷувон сафари корӣ анҷом дода, сокинони маҳаллиро аз номи раиси вилояти Хатлон табрику таҳният гуфт.
Дар доираи сафари корӣ Фирӯза Шарифӣ ва раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нусратулло Давлатзода дар маросими ифтитоҳи бунгоҳи тиббӣ дар деҳаи Мулкони Ҷамоати деҳоти “Балҷувон” иштирок намуданд.
Иншооти мазкур аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Баҳриддин Сироҷиддинзода бо сарфи қариб як миллион сомонӣ дар муддати кутоҳ бо сифати баланд сохта шуда, аз 9 ҳуҷраи корӣ иборат мебошад.
Инчунин, бо иштироки муовини раиси вилоят расми мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №12 дар деҳаи Мулкон ва муассисаи таҳсилоти умумии асосии №4 дар деҳаи Маҷитӣ барои 120 хонанда дар ду баст барпо гардид.
МТМУ №12 бо ду миллион сомонӣ маблағгузории Бунёди миллии иҷтимоии маблағгузории Тоҷикистон сохта шуда, арзиши умумии бинои муассисаи таълимии №4 як миллион сомониро ташкил медиҳад.
Фирӯза Шарифӣ ва Нусратулло Давлатзода дар деҳаи Туркои Ҷамоати деҳоти “Балҷувон” хатти оби нӯшокиро, ки аз тарафи Барномаи ҷонибдории инкишофи иҷтимоии минтақаи Кӯлоб бо сарфи 550 ҳазор сомонӣ ба масофаи 4 километр сохта шудааст, мавриди истифодаи умум қарор доданд.
Зимни суханронӣ дар барномаи фарҳангии ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Наврӯзгоҳи маркази ноҳияи Балҷувон Фирӯза Шарифӣ сокинони ноҳияро аз номи раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода шодбош гуфта, барояшон саломатӣ, хушбахтӣ, сарбаландӣ, рӯзгори ободу осуда ва барору муваффақиятҳои нав ба навро таманно намуд.
Зикр гардид, ки ноҳияи Балҷувон дар даврони истиқлолияти давлатӣ таксис ёфта, дар натиҷаи тадбирҳои андешидаи Ҳукумати мамлакат ва заҳмати содиқонаи сокинон, соҳибкорон ва ашхоси саховатпеша ноҳияи нисбатан ҷавони Балҷувон хеле ободу зебо гардидааст.
Тибқи нақшаи корҳои ободонӣ ба муносибати 30–солагии истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Балҷувон бунёди 375 иншоот, аз ҷумла 8 муассисаи томактабӣ, 35 муассисаи таълимӣ, 22 муассисаи тиббӣ, 13 меҳмонхона, 35 маркази хизматрасониву савдо, 7 пул, 20 майдончаву толори варзиш, 7 иншооти фарҳангию фароғатӣ, таъмиру барқарорсозии 326 километр роҳҳои дохилӣ ва кашидани хатти оби ошомиданӣ дар 15 деҳа пешбинӣ шудааст, ки то имрӯз дар 135 адад бинову иншоотҳо корҳои сохтмонӣ ба анҷом расонида шудааст.
— Боварӣ дорем, ки фаъолон ва аҳли заҳмати ноҳияи Балҷувон минбаъд низ ба ифтихори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ бо меҳнати ҳалолу садоқатмандонаашон дар вусъати корҳои ободонию созандагӣ, рушди иқтисодиёти кишвар, устувор шудани ваҳдату ягонагӣ, дӯстию рафоқати тамоми сокинони Тоҷикистони азиз ҳиссаи арзанда мегузоранд, — таъкид намуд муовини раиси вилоят.
Чорабиниҳои наврӯзӣ дар ноҳияи Балҷувон шаҳомати хоса дошта, зебову хотирмон барпо гардиданд.
Шуъбаи иттилоотию таҳлилии
дастгоҳи раиси вилояти Хатлон