Дар  доираи нақшаи чорабиниҳои моҳвораи ҷавонон бахшида ба “Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон” таҳти унвони “Ҷавонон пайрави Пешвои миллат”, рӯзи 20 майи соли равон дар тамоми шаҳру ноҳияҳои вилоят Рӯзи Дави миллӣ бо иштироки васеъи сокинони  вилоят,  намояндагони касбу кори гуногун, аз ҷумла, аҳолӣ, кӯдакону наврасон, ҷавонон, занон ва пиронсолон баргузор гардид.

 Дар  назди иштирокчиёни чорабинӣ  раиси вилояти Хатлон  Гулмаҳмадзода  Давлатшоҳ  Қурбоналӣ  баромад намуда қайд кард, ки сол то сол варзиш  дар  вилояти Хатлон  рушд ёфта варзишгарони вилоят  дар  мусобиқаҳои  ҷумҳуриявӣ ва  байналхалқӣ  ғолибият ба даст овардаанд.

 “Танҳо аз  аввали соли  ҷорӣ варзишгарон ба  дастовардҳои назаррас  ноил  гардида дар 6 мусобиқаҳои байналмилалӣ  ва  25 мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ  иштирок намуда 111 медали тилло, 128 медали  нуқра  ва   204  медали биринҷӣ  ба  даст оварданд, ки назар ба соли гузашта зиёд мебошад ”-қайд кард Д. Гулмаҳмадзода.

 Тавре  Беҳруз Бобоев,  сармутахассиси бахши варзиши дастгоҳи Раёсати  кор  бо  ҷавонон  ва варзиши  вилоят  Хатлон  иттилоъ  дод,  дар маркази вилоят   шаҳри   Бохтар рӯзи  20  майи соли равон дар Дави миллӣ беш аз 11 ҳазору 800 нафар иштирок намуданд.  Дар умум дар 25 шаҳру навоҳии вилоят беш аз 185 ҳазору 757 нафар сокинон иштирок намудаанд.

Ба ғолибон  ва  иштирокчиёни  фаъол  ифтихорнома  ва  мукофотҳо  тақдим гардид.

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here