Дар саҳни «Кохи Ватан»-и шаҳри Бохтар ҳамоиши занони шаҳр ва наврасону ҷавонон оид ба изҳори мухолифат ба амали даҳшатбор — қатли сайёҳон, шаҳрвандони давлатҳои хориҷӣ, ки 29 июл дар ноҳияи Данғара сурат гирифт, баргузор гардид. Дар ҳамоиш муовини раиси вилояти Хатлон Махфират Хидирзода, раиси шаҳри Бохтар Абдуалим Исмоилзода ва ҳамроҳони онҳо ширкат варзиданд. Иштирокдорон аз ҳунарнамоии варзишгарони наврасону ҷавонон ва бонувон дидан карданд. Занон дар даст шиору навиштаҷоти маҳкумкунандаи амалҳои нангини экстремистию террористӣ доштанд.
Пасон, дар толори «Кохи Ватан» ҷамъомад барпо шуд. Муовини раиси вилоят Махфират Хидирзода зимни суханрониаш оид ба амалҳои даҳшатнок, гумроҳии қисмате аз ҷавонон, ба амалҳои номатлуб даст задани бархе аз ҷавонони тоҷик изҳори назар намуд.
Ҳар як нафар узви ҷомеа вазифадор аст, ки баҳри таъмини зиндагии пурнишот, пеш аз ҳама, баҳри таҳкими сулҳу субот, муқовимати устувор нишон додан ба муқобили ҳама гуна зуҳуроти зиддиҷамъиятӣ, ҳифзи дастовардҳои истиқлолияту соҳибватанӣ мавқеи фаъоли шаҳрвандӣ дошта бошад, — зикр кард Хидирзода М. – ҲНИ ҳизби хурофотпараст ва тундгаро буда, бо нақша ва ҳадафҳои нопоки худ барои амалӣ намудани чандин ҷинояти махсусан вазнин, вайрон кардани сохти конститутсионӣ, барҳам додани ҳокимияти давлатӣ ва сарнагун намудани ҳукумати қонунӣ бо пуштибонӣ ва сарпарастии хоҷагони хориҷиаш мехост сохти конститутсионии давлати моро тағйир дода, ҳокимиятро ба дасти худ гирад. Ҷавонони тоҷик ҳамчун зодаи замони истиқлолият бояд ҳушёрии сиёсиро аз даст надода, ба гурӯҳҳои мамнӯи экстремистиву террористӣ, ки онҳо аз номи ислом истифода намуда, барои амалисозии ҳадафҳои нопоки хеш ҷавононро бо ҳар роҳ ба сӯйи худ ҷалб мекунанд, мубориза баранд. Имрӯз бояд ҷавонон бо дарки масъулияти баланд дар муқобили амали онҳо дониш ва маърифати баланди худро истифод карда, барои амалкардаи онҳо вокунишҳои далелнок ва қатъи нишон диҳанд.
Сипас, раиси шаҳри Бохтар Абдуалим Исмоилзода вобаста ба кушта шудани сайёҳон, маҳкум намудани чунин амалҳои номатлуб, риояи муқаррароти Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», таълиму тарбияи дурусти насли наврас, ҳамкории волидон бо муассисаҳои таълимӣ, таҳти назорат қарор додани фарзандон дар дохили кишвар ва берун аз он, аз гурӯҳҳои ифротӣ ва террористӣ эмин нигоҳ доштани ҷавонон суханронӣ кард.
Дар самти пешгирии ҷавонон аз шомилшавӣ ба гурӯҳҳои ифротӣ, ҷинояту ҷинояткорӣ бояд ҳамагон бо дарки масъулияти баланд ҳиссагузорӣ кунем, изҳор дошт раиси шаҳр А. Исмоилзода. — Сайъ намоем, ки ҷавонон дар роҳи дуруст таълиму тарбия гирифта, ба воя расанд ва на зарар, балки барои давлату миллати худ саропо манфиатбахш бошанд. Сокинони шаҳри Бохтар низ аз ҳодисаи нангини кушта шудани сайёҳон ғамгин мебошанд. Шаҳри Бохтар худ шаҳри сайёҳист. Рӯз то рӯз баҳри сайёҳон ҷойҳои диданбоб ва шароити хуб муҳайё гашта истодааст. Дар ин самт бояд корро беҳтар ба роҳ монем, миллати тоҷикро чун халқи меҳмондӯсту меҳмоннавоз, соҳибтамаддуну фарҳангӣ муаррифӣ намоем.
Сипас, чанде аз шаҳрвандон баҳри беҳтаршавии тартиботи ҷамъиятӣ ва таълиму тарбияи дурусти фарзандон таклифу пешниҳодҳо ироа намуда, баҳри пешгирии ҷавонон аз шомилшавӣ ба гурӯҳҳои ифротӣ фикру мулоҳизаҳои худро баён доштанд.
Фаъолон ва намояндагони аҳли ҷомеаи шаҳри Бохтар зимни суханрониҳои худ дар ин ҷамъомад изҳор доштанд, ки мақсади террористон дар тамоми нуқоти олам тарс додану ба итоат даровардани мардум аст, вале сокинони вилояти Хатлон ва саросари Тоҷикистон аз чунин кирдори зишти нохалафон тарс нахоҳанд дошт, минбаъд беш аз пеш ҳушёриву зиракии сиёсӣ нишон хоҳанд дод ва дар атрофи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон боз ҳам зичтар муттаҳид гардида, дар роҳи амалӣ сохтани нақшаву барномаҳои давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати рушди бештари Тоҷикистони азиз ва боз ҳам беҳтар сохтани сатҳи зиндагии мардум ҷаҳду ҷадал ба кор мебаранд.
Дар қисмати ниҳоии ҷамъомад изҳороти занони шаҳри Бохтар оид ба амали нангин — қатли сайёҳони хориҷӣ қабул ва пахш гардид.