5 ноябр дар Донишгоҳи давлатии Данғара ҷаласаи навбатии Шӯрои олимони ҷавони Тоҷикистон таҳти раёсати Абдуллозода Аҳтам Рустам — раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар ҷаласа оид ба фаъолияти Шӯро дар солҳои 2017-2019 раиси Шӯрои олимони ҷавони Тоҷикистон Аҳлиддин Саймуъминов гузориш дода, дастовардҳои аъзои Шӯрои олимони ҷавони Тоҷикистонро дар ин давра бесобиқа унвон намуд.
Зикр гардид, ки дар заминаи сиёсати созандаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон олимони ҷавони кишвар ба дастовардҳои бузург ноил шуда, дар самтҳои мухталифи илм дастовардҳои назаррасро соҳиб гардиданд.
Дар ҳамоиши мазкур бо тарафдории зиёди аъзои Шӯро ва иштирокдорони ҷаласа Рустам Наботӣ раиси нави Шӯрои олимони ҷавони Тоҷикистон таъин гардид.
Ҳамзамон дар ин ҷаласа дорандаи ҷоизаи давлатии ба номи Исмоили Сомонӣ, номзади илмҳои иқтисодӣ, декани факултети идоракунии давлатии Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Саид Ғоибназарзода ва мудири кафедраи технологияи иттилоотии Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав Файзализода Баҳрулло Файзалӣ муовинони раиси Шӯрои олимони ҷавони Тоҷикистон интихоб шуданд.