5 октябр дар маҳаллаи Чаманзори шаҳри Кӯлоб Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба фаъолияти Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 46 оғози расмӣ бахшиданд.
Таълимгоҳ дар ду баст барои 600 хонанда пешбинӣ гардида, бо дарназардошти талаботи муосир бунёд ёфтааст ва он аз синфхонаҳои барҳавову замонавӣ иборат мебошад. Аз ҷумла, барои таълиму тарбияи толибилмон лабараторияҳои фаннӣ, синфхонаҳои алоҳидаи химия, биология ва физика ташкил гардидааст. Ба хотири омӯзиши касбу ҳанар дар муассисаи мазкур синфхонаҳои алоҳидаи таълими меҳнати писаронаву духтарона ташкил ёфта, бо тамоми айёниятҳои зарурӣ муҷаҳҳаз гардонида шудааст.
Зимни боздид ба Роҳбари давлат иттилоъ доданд, ки бунёди муассисаи мазкур мушкилоти аҳолии маҳаллаи Чаманзорро дар самти надоштани таълимгоҳ ҳал намуд, зеро то ин дам хонандагон роҳи дуру дарозро тай намуда, барои дарс омӯхтан ба маркази шаҳри Кӯлоб мерафтанд.
Бояд ёдовар шуд, ки имсол аз маҳалли зарардида 35 нафар хатмкунандагони муассисаҳои таълимӣ бо мусоидати Вазорати маориф ва илм дар ҳамкорӣ бо Вазорати корҳои дохилӣ барои таҳсил ба коллеҷҳо ва мактабҳои олии Тоҷикистон ба таври имтиёзнок дохил гардиданд.
Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 46 дар доираи дастуру супоришҳои Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби Ташкилоти ибтидоии ҳизбии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Далер” бунёд гардидааст.
Муассисаи таълимӣ аз ду ошёна иборат буда, дорои 10 синфхонаву дигар ҳуҷраҳои ёрирасон мебошад ва дар дохили он ҳамчунин ошхона бо имкониятҳои муосир ва толори варзишӣ ҷой дода шудааст. Барои фарогирии толибилмон ба китобхонӣ дар дохили иншоот китобхонаи замонавӣ ҷой сохта шудааст, ки дар он китобҳои фанниву бадеӣ дастрас мебошад.
Роҳрав ва дохили муассисаи таълимӣ бо санъати баланд бунёд ёфта, барои омӯзгорон ҳуҷраҳои корӣ ташкил гардидааст. Иншоот дар масоҳати як гектар замин бо тарҳи зебову замонавӣ қомат афрохта, ҳудуди муассиса сафолакпӯш карда шудааст. Ҳамчунин дохили муассиса бо гулҳои ороишӣ ва дарахтони сояафкан зиннат дода шудааст. Дар назди таълимгоҳ як майдончаи муосири замонавӣ бунёд ёфта, барои гузаронидани машғулиятҳои варзишӣ имконияти зарурӣ фароҳам оварда шудааст.
Корҳои сохтмонии муассисаи таълимӣ соли 2019 оғоз гардида буд. Иншооти мазкур дар доираи таҷлили 30 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд гардида, туҳфаи арзанда барои сокинони маҳаллаи Чаманзори шаҳри Кӯлоб маҳсуб меёбад.
Зимни боздид Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати корҳои анҷомёфта баҳои баланд дода, чунин иқдомҳои бунёдкоронаро боиси таҳсину дастгирӣ арзёбӣ намуданд.
Ҳамчунин ба хонандагон тавсия доданд, ки имконоти фароҳамовардашударо самаранок истифода бурда, илмҳои замонавиро ҳамаҷониба аз худ намоянд, то дар оянда мутахассиси соҳибтаҷриба гарданд.