Маркази хазматрасонӣ дар деҳаи Себистон, Ҷамоати деҳоти Себистон дар доираи корҳои ободонию созандагӣ ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Холмирзоев Абдулманон дар зарфи як сол бо сифати баланд ва ҷавобгӯ ба талаботи замони муосир сохта шудааст дар доираи сафари кории Пешвои миллат дар ноҳияи Данғара бо иштироки меҳмонон мавриди ифтитоҳ қарор гирифт.
Иншооти мазкур аз 2 ошёна иборат буда, дорои тарабхона барои 50 ҷои нишаст пешбинишудааст. Дар он туйи маъракахо гузаронида мешавад.
Дар ошёнаи якуми Маркази хизматрасонии мазкур мағозаи сехи дару тирезаҳои пластикӣ ва коркарди мебел ҷойгир карда шудааст.
Дар ошёнаи дуюми Маркази хизматрасони тарабхона бо 50 ҷойи нишаст муҳаё карда шудааст.
Дар маҷмуъ бо сохта мавриди истифода қарор гирифтани Маркази хизматрасонӣ 15 нафар аз сокинони маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ таъмин гардиданд.
Бунёди ин иншооти хуштарҳу замонавӣ имкон фароҳам овард, ки сокинони маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ таъмин шуда, инчунин сатҳи хизматрасонӣ ба аҳолӣ беҳтар ва ҳусни деҳаи Себистон зебогии бештарро касб намудааст.