Дар доираи сафари кории Сарвари  мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо иштироки меҳмонон ва раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода дар Ҷамоати деҳоти Корези  ноҳияи Данғара Маркази хазматрасонӣ бо назардошти маркази тиҷоратӣ ва чойхона мавриди ифтитоҳ қарор гирифт. Маркази хизматрасонӣ дар доираи корҳои ободонию созандагӣ ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Таваралиев Умаралӣ  дар зарфи як сол бо сифати баланд ва ҷавобгӯ ба талаботи замони муосир сохта шудааст.

Иншооти мазкур аз 2 ошёна ва таҳхона иборат буда, дорои маркази тиҷоратӣ ва чойхонаи муосир бо беҳтарин хизматрасонӣ бунёд шудааст. Дар ошёнаи якуми Маркази хизматрасонии мазкур мағозаи фурӯши маҳсулоти ҳама намуди обҳои нӯшокии ташнашикан ҷойгир карда шудааст. Дар ошёнаи дуюм ва сеюм чойхона бо 50 ҷои нишаст пешбинӣ шудааст.

Дар маҷмуъ бо сохта мавриди истифода қарор гирифтани Маркази хизматрасонӣ 10 нафар сокинони маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ таъмин гардиданд. Бунёди ин иншооти хуштарҳу замонавӣ имкон фароҳам овард, ки сокинони маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ таъмин шуда, инчунин сатҳи хизматрасонӣ ба аҳолӣ беҳтар гардидааст. Меҳмон ба тарҳи нави бунёди маркази хизматрасонӣ, ки аз тарафи соҳибкори ватанӣ бунёд ёфтааст баҳои баланд дода барои таъсис додани ҷои кор ба сокинони ноҳия ба соҳибкор минатдорӣ баён намуданд.