21 октябр дар доираи сафари корӣ дар ноҳияи Данғара Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳоти ба номи Исмат Шариф Маркази фарҳангии деҳаи Хуррамзаминро баъди азнавсозӣ ба истифода доданд.

Иншооти мазкур солҳои 50-уми асри гузашта бунёд ёфта, дар ҳолати садамавӣ қарор дошт.

Дар партави сиёсати созандаву бунёдкорона ва ҳидоятҳои раҳнамунсози Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Маркази фарҳангии деҳаи Хуррамзамин аз ҷониби соҳибкор Суҳроб Таваралиев бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ ба замони муосир навсозӣ карда шуд.

Маркази фарҳангии деҳаи Хуррамзамин аз ду ошёна иборат буда, дорои 220 ҷои нишаст мебошад, ки дар он барои гузаронидани чорабиниҳои гуногун шароити мусоиди хизматрасонӣ фароҳам аст.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саҳми фаъолонаи соҳибкори маҳаллиро дар вусъати корҳои ободонию созандагӣ ва навсозии иншооти фарҳангӣ нишонаи баланди ватандӯстӣ ва ҷонибдорӣ аз сиëсати фарҳангпарваронаи Ҳукумати мамлакат арзёбӣ карданд.

Саҳн ва атрофи Маркази фарҳангии деҳаи Хуррамзамин чароғон ва сабзу хуррам карда шуда, ин ҷо ба як макони ободу зебо табдил ёфтааст.

Дар Маркази фарҳангӣ, ки дорои толори кушоду барҳавои замонавӣ аст, минбаъд барои баргузории чорабиниҳои ҷашнӣ ва ҷамъомадҳо имконияти васеъ фароҳам аст.

Ба кормандони Маркази фарҳангии деҳаи Хуррамзамин аз ҷониби Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон созҳои мусиқӣ ва дастгоҳу таҷҳизоти тақвияти овоз тақдим гардид.

Солҳои соҳибистиқлолии мамлакат дар раванди босуръату бесобиқаи корҳои ободонию созандагӣ бо бунёду навсозии иншооти наву замонавии таъиноти гуногун деҳоти ба номи Исмат Шариф ободу зебо гардида, барои сокинон шароити арзандаи кору хизматрасонӣ фароҳам оварда шудааст.