Ҳамзамон имрӯз дар Минтақаи озоди иқтисодии “Данғара” бо иштироки ҳайати меҳмонон корхонаи истеҳсоли бомпӯшҳои сохтмонӣ ва битум ҶДММ “Техно Полоиш” мавриди коркард қарор гирифт. Иттило дода шуд, ки корхонаи истеҳсоли бомпӯшҳои сохтмонӣ ва битум, дар ҳамкори аз ҷониби шаҳрванди Ҷумҳурии Исломии Эрон Баётонй Мехдй бунёд шудааст. Ҳаҷми сармоягузории он 3 млн доллари ИМА ташкил дода, дар масоҳати 1,0 га китъаи замин сохта ба истифода дода шудааст. Ашиёи хоми он аз битуми истеҳсоли ватании Қумсангир истифода бурда мешавад. Тибқи маълумотҳои омори ҳаҷми истеҳсолот дар як сол 1 миллион метрро ташкил медиҳад. Шумораи ҷойҳои кори давра ба давра ба 30 нафар оварда расонида мешавад.