25 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари  корӣ  дар  ноҳияи Ховалинг бо бардоштани парда аз рӯи лавҳаи рамзӣ ба  фаъолияти  коргоҳи заргарии “Одина” оғоз бахшиданд.

Коргоҳи заргарӣ “Одина” дар мавзеи Чилчанор ҷойгир буда, дар асоси  дастуру супоришҳои ҳамешагии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи тадбирҳои созандагӣ ба ифтихори 30-солагии Истиқлоли давалтии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Абдуқаюм Каримов бунёд карда шудааст.

Аснои шиносоии Пешвои миллат бо фаъолияти коргоҳ ва раванди истеҳсолоти маснуоти заргарӣ иттилоъ дода шуд, ки  коргоҳи заргарӣ дар назди Кооперативи тиҷоратии “Артели заршӯии Одина” бунёд гардида, дар  он ду утоқи коркарди зар ва ду мағозаи фурӯши ҷавоҳирот фаъолият мекунад.

Дар ноҳияи Ховалинг барои ноил гардидан ба ҳадафи чоруми миллӣ — саноатикунонии босуръати мамлакат тадбирҳои судманд пеш гирифташуда, тибқи нақша то ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон боз чанд коргоҳи хӯрду бузурги саноатӣ сохта, мавриди истифода қарор дода мешавад.

Коргоҳи навтаъсис бо дастгоҳҳои махсуси коркарди  маснуоти  заргарӣ, ки истеҳсоли кишварҳои хориҷ мебошанд, таъмин карда шудааст.

Иншоот бо тарҳу намои хуб бунёд гардида, корҳои сохтмониро 50 нафар сокинони маҳаллӣ анҷом додаанд.

Дар атрофи бино зиёда аз 20 намуди ниҳолҳои ороишӣ ва гулҳои  рангоранг шинонида  шудааст, ки шаҳомат ва зебои биноро боз ҳам зиёдтар  менамояд.

Бо бунёди сехи заргарии “Одина” наздик ба 35 нафар сокинони  маҳаллӣ, ки аксаран духтарони бешуғл ва хонашин буданд,  пас  аз омӯзиши нозукиҳои ин касб соҳиби ҷойи кор ва маоши хуб гардиданд.