24 сентябр Асосгузори  сулҳу ваҳдати  миллӣ — Пешвои миллат, Президенти  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  муҳтарам  Эмомалӣ  Раҳмон  дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин бинои маъмурии  бахши ҳифзи муҳити зистро ба истифода супурданд.

Бинои навбунёд ва хуштарҳу замонавии  бахши ҳифзи муҳити зист аз  се  ошёна иборат буда, дорои 10  утоқи корӣ,  маҷлисгоҳ, осорхона  ва    меҳмонхона  мебошад.

Аснои шиносоӣ  бо шароити бинои навбунёд  ба  Пешвои  муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ  доданд, ки  сохтмони  иншооти мазкур соли  2020 оғоз гардида,  дар муҳлати камтар аз як сол бо харҷи  зиёда аз 2 миллион  сомонӣ бунёд  карда шуд.

Бинои бахши ҳифзи муҳити зист, ки аз  ҷониби коргарону мутахассисони Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди  “Сомон — Орзу” – и  ноҳияи Шамсиддин Шоҳин дар доираи омодагӣ ба ҷашни 30 — солагии  Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  сохта шудааст,  дар он шароити арзандаи корӣ фароҳам мебошад.

Утоқҳои  кории бинои  бахши ҳифзи муҳити зист  бо   таҷҳизоти зарурӣ таъмин буда, барои фаъолияти минбаъдаи кормандон имконияти зиёд мавҷуд аст.

Президенти   мамлакат  муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон ба масъулон ва  кормандони  бахши ҳифзи  муҳити  зист  дастур  доданд, ки  барои  муҳофизати  олами набототу  ҳайвоноти нодир, ки  дар ноҳияи Шамсиддин  Шоҳин  хеле зиёд  аст   бо    ҳисси масъулияти баланд фаъолият намоянд.

Солҳои соҳибистиқлолӣ  дар ноҳияи  Шамсиддин  Шоҳини вилояти Хатлон дар  баробари  сохтмони марказҳои хизматрасонӣ даҳҳо биноҳои маъмурӣ бунёд ва мавриди истифода қарор гирифтанд, ки ба ҳусни ноҳия зебогии дигар зам карданд.