Имрӯз, 22 ноябр, дар доираи сафари кории худ ба шаҳри Норак раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода ва ҳайати ҳамроҳонаш дар маросими ифтитоҳи бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи шаҳрии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ширкат варзиданд.

Зимни суханронии худ раиси вилоят ҳозиринро бо фарорасии Рӯзи Парчами давлатии Тоҷикистон самимона шодбош гуфта, таманно кард, ки Парчами давлатии мо дар фазои орому осудаи мамлакат ҳамеша роҳнамову роҳкушои мардуми шарафмандамон ба сӯйи ояндаи неку осуда бошад.

Қурбон Ҳакимзода зикр намуд, ки аъзои ҲХДТ дар корҳои ободонию созандагӣ, амалӣ намудани сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рушди соҳаҳои иҷтимоӣ ва иқтисодӣ, кӯмаку  дастгирӣ ба кӯдакони ятиму бепарастор, оилаҳои ниёзманди ҷомеа, меҳтарони ҷангу меҳнат фаъолона саҳм мегузоранд. Зикр шуд, ки дар 10 моҳи соли равон фаъолони ҳизб дар Норак ба маблағи қариб 24 ҳазор сомонӣ ба 107 нафар сокинони эҳтиёҷманд, ятимону кулл, бепарасторони шаҳр кумакҳои моддию молиявӣ расониданд. Бо ибтикор ва саҳмгузории сокинон ва аъзои ҳизб имсол 10 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии ноҳия таъмиру тармим гардида, зиёда аз 160 метр роҳҳои байни деҳаҳо мумфарш шудаанд.

Алҳол, шумораи аъзои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Норак ба 4082 нафар расидааст. Қобили зикр аст, ки аз ин шумора 2374 (58,2%) нафарашон занон ва 1089 нафарашон (27%) ҷавонони то 30-сола мебошанд. Ҳамаи онҳо дар 81 ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ муттаҳид шудаанд.

Дар бинои навсохти Кумитаи иҷроияи шаҳрии ҳизб 7 нафар мутахассисони ботаҷриба фаъолият менамоянд. Кормандони кумитаи иҷроияи шаҳрии ҳизб акнун дар 5 ҳуҷраи корӣ, ки бо шароити мусоиди корӣ, мизу курсӣ ва технологияи муосири компютерӣ-иттилоотӣ таъмин мебошанд, фаъолият хоҳанд кард.

Имрӯз ҳамчунин дар маҳаллаи Лангари шаҳри Норак пули мошингузар ба истифода супурда шуд, ки дар расми ифтитоҳи ин иншоот низ раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода иштирок намуд.

— Роҳбари давлатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни сафари кории худ ба шаҳри Норак, 20 марти соли ҷорӣ, таъкид карда буданд, ки Ҳукумати Тоҷикистон дар даврони истиқлолияти давлатӣ ба масъалаи рушди Норак — шаҳри энергетикиву саноатӣ таваҷҷуҳи хос зоҳир намуда, на танҳо тармиму таҷдиди қисматҳои гуногуни нерӯгоҳро амалӣ намуд, балки бунёди даҳҳо муассисаҳои нави иҷтимоиро ба анҷом расонид, — қайд кард Қурбон Ҳакимзода. — Дар як муддати кӯтоҳ Норак симои худро бакуллӣ тағйир дода, имрӯз ба як шаҳри зебову намунавӣ табдил ёфтааст.

Раиси вилоят изҳори итминон намуд, ки то ҷашни умумимиллии 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳру деҳоти Норак тавассути саъю кӯшиши соҳибкорони ватанӣ ва мардуми бонангу номуси диёрамон боз ҳам зеботар мегарданд, дорои инфрасохтори муосир мешаванд ва бо ин роҳ мушкилоти зиёди мардум бартараф карда мешаванд.

Шуъбаи иттилоотию таҳлилии

дастгоҳи раиси вилояти Хатлон

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here