Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мӯъминободи вилояти Хатлон бинои истиқоматии 5-ошёнаро, ки барои хизматчиёни давлатӣ бунёд ёфтааст, мавриди баҳрабардорӣ қарор дода, бо имкониятҳои он шинос шуданд.

Иттилоъ дода шуд, ки бинои мазкур дорои хонаҳои истиқоматии 1, 2 ва 3-ҳуҷрагӣ буда, дар маҷмӯъ аз 36 ҳуҷра иборат мебошад.

Роҳбари давлат калиди хонаҳои навро ба соҳибонашон супорида, онҳоро ба ин муносибат таҳният гуфтанд.

Мавриди зикр аст, ки дар доираи сиёсати бобарори иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таваҷҷуҳи шахсии Роҳбари давлат нисбат ба шахсони яккаву танҳо, ба як оила, ки ятими кулл ба воя расидаанд, дар бинои мазкур хонаи истиқоматӣ ҳадя карда шуд. Таъкид гардид, ки минбаъд ҳам ғамхориву кумакрасонӣ ба чунин нафарон идома ёфта, тамоми тадбирҳо андешида мешавад, то ин ки нафарони эҳтиёҷманд ба танқисӣ дучор нагарданд.

Дар хонаҳои ин бинои баландошёна барои зиндагӣ дар он имкониятҳои мусоид фароҳам оварда шудааст. Аз ҷумла, хонаҳои истиқоматӣ бо ҷиҳози рузгор таъмин буда, дохили ҳуҷраҳои истиқоматӣ бо санъати баланди меъморӣ оро ёфтааст.

Бинои истиқоматӣ дар маркази ноҳия ҷойгир буда, бо сифати баланд ва санъати баланди меъморӣ бунёд ёфтааст. Гирду атрофи иншооти нав бо гулу буттаҳои ороишӣ зинат ёфтааст.

Хонаҳои истиқоматӣ ба хизматчиёни давлатӣ, кормандони идораву корхонаҳои давлатие, ки дар ҳудуди ноҳия фаъолият дошта, ниёз ба хонаи истиқоматӣ доштанд,  тақдим гардид.

Барои чунин дастгирӣ ва таваҷҷуҳи доимӣ хизматчиёни давлатӣ ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори миннатдорӣ намуда, иброз доштанд, ки дар партави чунин ғамхориҳо, кӯшиш мекунад, ки рисолати бардӯшдоштаашонро дар самти таъмини рушди бахшҳои гуногунии хоҷагии халқи мамлакат бо дилу нияти пок ба анҷом расонанд.

Роҳбари давлат таъкид доштанд, ки барои баланд бардоштани сифати зиндагии кормандони касбу кори гуногун ва фароҳам намудани имконияти кору фаъолият ба онҳо, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамеша чораҳои заруриро амалӣ намуда, дар ин доира дар саросари мамлакат ҳамасола чунин биноҳои замонавӣ аз ҳисоби маблағҳои маҳалливу ҷумҳуриявӣ бунёду ба истифода дода мешавад, ки ин раванд аллакай мушкилоти зиёди ниёзмандонро бо хонаҳои истиқоматӣ ҳал намудааст.