Имрӯз дар деҳаи Меҳнатободи Ҷамоати деҳоти «Меҳнатобод»-и ноҳияи Кӯшониён бо иштироки раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода бинои иловагии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №3 ифтитоҳ ёфт.

Бинои асосии муасссаи мазкур соли 1976 барои 960 хонанда сохта ба истифода дода шудааст. Алъон дар муассисаи мазкур 1807 нафар хонанда дар ду баст ба таълим фаро гирифта шуда, ба онҳо 80 нафар омӯзгорон дарс медиҳанд.
Муассиса дорои 38 синфхона, толори варзишӣ, толори маҷлисгоҳ ва ду майдончаи варзишӣ мебошад.
Бинои иловагӣ дар муассисаи мазкур дар асоси нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯшониён бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон иборат аз 4 синфхона ва роҳрави дохили бино барои 120 хонанда бунёд гардид. Ин тарҳ бо дастгирии соҳибкорони маҳаллӣ Маҳмадалиев Рустам, Тешаев Маҳмуд, Абдураҳимов Сорбон, Илёсов Умед, Давлатов Дилшод ва кумитаи падару модарон ба маблағи 142 ҳазор сомонӣ сохта шудааст.
Синфхонаҳои иловагӣ барои хонандагони синфҳои ибтидоӣ бо шароити зарурӣ таъмин гардидааст.
Ба раиси вилоят иттилоъ доданд, ки дар соли таҳсили нав ба муассисаи таълимӣ 207 нафар кӯдакон ба синфи якуум қабул карда шудааст.
Раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода ба соҳибкорону дастандаркороне, ки дар бунёди бинои нави таълимӣ саҳм доранд, аз номи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон миннатдорӣ баён намуд.
Қайд гардид, ки бояд дар шароити имрӯза падару модарон ва омӯзгорон ҷиҳати тарғиби тарзи ҳаёти солим, риояи гигиенаи шахсӣ, балвнд бардоштани маърифати тиббии фарзандон тадбир андешанд, зеро саломатии миллат, хусусан кӯдакон, бойигарии давлат аст.
Қурбон Ҳакимзода устодону шогирдонро бо ифтитоҳи бинои нави таълимӣ шодбош гуфта, барояшон соли таҳсили бобарор таманно кард.
Шуъбаи иттилоотию таҳлилии
дастгоҳи раиси вилояти Хатлон