Дар кӯчаи ба номи Мирзо Турсунзодаи шаҳраки Фархор бо иштироки Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид сехи макаронбарорӣ ва маркази хизматрасонӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд. Иншооти мазкур аз тарафи соҳибкори маҳаллӣ Маҳмудов Қурбонхуҷа дар доираи нақшаи чорабиниҳо оид ба корҳои ободонию бунёдкорӣ ба муносибати ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо усули муосири меъморӣ иборат аз ду ошёна сохта шудааст.