Инчунин, дар кӯчаи ба номи М.Турсунзодаи шаҳраки Фархор бо иштироки Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид сехи дӯзандагӣ, нуқтаҳои савдо ва хизматрасонӣ, мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд. Сохтмони иншооти мазкур дар доираи нақшаи чорабиниҳо оид ба корҳои ободонию бунёдкорӣ ба муносибати ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи ҶДММ «Нассоҷи Хуҷанд» бо усули муосири меъморӣ иборат аз 1 ошёна сохта шудааст.
Баъди мавриди истифода қарор гирифтани иншооти мазкур зиёда 25 нафар шаҳрвандон бо ҷойҳои кории доимӣ таъмин мегарданд.