Имрӯз, бо иштироки раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода ва намояндагии роҳбари гурӯҳи корри оиди омодагӣ ба 30- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Асадулло Раҳмон дар ноҳияи Дангара 11 километр роҳро бо ташаббуси соҳибкорони маҳаллӣ маврди истифода қарор доданд. Иншооти мазкур дар фурсати кӯтоҳ ҷавобгӯ бо стандартҳои ҷаҳонӣ дар арафаи ҷашни истиқлоли давлатӣ ба сокинони ҷамоати деҳоти Сангтуда тақдим карда шуд. Ронандагон аз ин иқдом бо хушнудӣ мегӯянд, ки роҳи 40 дақиқаро дар 20 дақиқа бе мушкилӣ тай мекунанд, «Пештар қисмҳои эҳтиётии нақлётамон зуд фарсуда мешуд ва маблағи зиёд барои таъмир сарф мекардем, ҳоло ин мушкилӣ бо ташаббусҳои созандаи Пешвои миллат ва соҳибкорони некдаст ин роҳҳо таъмир шуданд».
Қиёмиддин Чориқулов соҳибкори маҳаллӣ дар ифтитоҳи иншоот нақши арзандаро касб мекунад, ӯ чунин бунёдкориҳо дар дигар гӯшаҳои диёр анҷом додааст.
Раиси вилоят, дар ин рӯз аз лоиҳаи сохтмони хати оби нӯшокӣ барои чорво ва сокинон дар деҳаи Навободро ба истифода доданд. Ба гуфти сокинон дар деҳа норасоии об вуҷуд дошт ва ҳамакунун ин мушкилашон бартараф гардид.
Хати оби нӯшокӣ пешбинӣ ба 377 оила шуда, тасмим аст, ки дар наздиктарин фурсат деҳаҳои атроф низ бо об таъмин мешаванд.
Зимнан, гурӯҳи корӣ баъдан, дар муассисаи таълимии рақами 29 бо сокинони деҳа мулоқот намуданд. Дар ин вохӯрӣ раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода ба сухан баромада миннатдории хешро ба соҳибкорон расонид ва афзуд, ки бунёди иншоот солҳо ба сокинон хидмат мекунад. Инфрасохтори деҳот рушд карда, симои шаҳраку деҳот дигар мегарданду ҷойҳои нави корӣ низ пайдо мешвад.
Асадулло Раҳмон намояндаи 30 солагии истиқлоли давлатӣ дар ноҳияи Данғара миннатдории хешро ба соҳибкорон расонид ва афзуд, ки дастгириҳои Ҳукумати ҷумҳурӣ аст, бунёду азнавсозии роҳу пул, иншооти маъмурии ҷамъиятӣ дар ноҳия ба истифода дода шудааст. Ин тадбирҳо ба хотири арзанда истиқбол намудани истиқлоли давлатӣ мебошад.
Дар анҷоми чорабини ба соҳибкор Қиёмиддин Чориқулов ҷоизаи «Ободгари Ватан» ва ба як қатор соҳибкорону сохтмончиён ва механизаторон сипоснома ва тӯҳфаҳо тақдим карда шуд.
Шӯъбаи иттилоотию таҳлилии
дастгоҳи раиси вилояти Хатлон