Рӯзи 10 апрели соли равон дар кӯчаи С. Шакарови шаҳри Кӯлоб маркази омӯзиши забонҳо ифтитоҳ гардид, ки дар кушодашавии бинои мазкур Сарвазири кишвар Қ. Расулзода, Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Н. Саид, раиси вилояти Хатлон Қ. Ҳакимзода, раиси шаҳри Кӯлоб А. Хайрулло ва таъсисдиҳандагони марказ иштирок намуданд.
Зимни кушодашавӣ қайд гардид, ки таъсис ёфтани чунин марказҳоро воситаи хуби таъсиррасонӣ ба сатҳи забономӯзии хонандагон ва донишомӯзон дониста, аз сокинони шаҳр даъват ба амал оварда шуд, ки аз чунин шароити хуби таълимӣ истифодаи самаранок намоянд ва фарзандони худро ба омӯхтани забонҳои хориҷӣ аз ҷумла забонҳои руси, англисӣ, ки забони ҷаҳонӣ ба шумор меравад ташвиқ намоянд.
Ҳамаи мо бояд дар хотир дошта бошем, ки донистани забонҳои хориҷӣ, бахусус англисӣ ва русӣ ба мо имкон медиҳад, ки ҳамкориҳои судмандро бо дигар миллатҳо ба роҳ монда, дар рушду нумуи кишвари азизамон саҳм дошта бошем.
Меҳмонон аз утоқҳои корӣ, китобхонаи марказ дидан намуда, ба шароити таълиму тадрис баҳои баланд доданд.