Дар доираи сафари корӣ коргоҳҳои истеҳсоли сафолак, хишти сабук ва сангҳои ороишӣ дар ҶДММ «Комбинати хонасозӣ», ки соҳибмулк Субҳон Давлатов мебошад, ифтитоҳ карда шуд.
Маълумот дода шуд, ки дар заминаи корхонаи мазкур аз ҷониби соҳибкор Субҳони Хуршеди Ширинзода коргоҳи истеҳсоли сафолак, хишти сабук ва сангҳои ороишӣ бунёд гардидааст.
Дар коргоҳҳои мазкур 10 намуд сафолак, хишти сабку ба андозаҳои 60х20х30 ва 30 намуд сангҳои ороишӣ истеҳсол карда мешавад.
Айни замон 12 нафар сокинони маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ таъминанд. Шумораи коргарон дар коргоҳҳои мазкур то ба 20 расонида мешавад.
Соҳибкор дар оянда ният дорад, ки боз сехи кафшергарӣ, сехи истеҳсоли краска ва дару тирезаҳои пластикӣ бунёд намояд.