Рӯзи 11 июли соли 2019 дар деҳаи Гулафшони деҳоти Оқсуи ноҳияи Данғара Макази саломатӣ, ки аз ҷониби соҳибкорони маҳалӣ Исматовҳо сохта шудааст, бо иштироки роҳбари гурӯҳи кории 30- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Асадулло Раҳмон , раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода, раиси ноҳияи Данғара Раҳмон Исломиддин ва дигар фаъолон дар вазъияти тантанавӣ мавриди истифодабарӣ қарор дода шуд.

Маркази саломатӣ аз 5 ҳуҷра иборат буда дорои нуқтаи бақайдгирӣ, ҳуҷраҳои доругузаронӣ, занона, бистарикунонии рӯзона ва хатна мебошад. Қобили қайд аст, ки Маркази саломатӣ бо тамоми таҷҳизоти таббӣ таъмин буда, 11 нафар кормандони соҳаи тиб ба кор ҷалб гардиданд. Иншооти мазкур дар заминаи Бунгоҳи саломатӣ мавриди истифодабарӣ қарор дода шуда, сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ беҳтару хубтар бароҳ монда мешавад.

Табибони ин даргоҳ метавонанд ба наздики 2000 аҳолии деҳа хизмат мерасонанд. Баъди дидани меҳмонон аз Марказ раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода дар саҳни Маркази саломатӣ бо ҷамъомадагон мулоқот намуда аз сиёсати созандаю бунёдкоронаи Сарвари давлат ёдрас гардида. Раиси вилоят ба соҳибкорон ҷиҳати саҳмгузоштан ба рушду пешрафти деҳа худ миннатдорӣ намуда, соҳибкоронро бо Сипосномаи раиси вилоят қадрдонӣ намуд.

Худи ҳаин рӯз дар деҳаи Моҳпораи деҳоти Пушинги ноҳия муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №63 барои 240 нафар дар як баст бо иштироки фаъолон мавриди истифода қарор гирифт.

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here