Зимни ташриф ба ноҳияи Восеъ раиси вилоят ба интиқоли оби нӯшокӣ дар кӯчаи ба номи Абуалӣ Сино оғоз бахшид.
Маълумот дода шуд, ки иншооти мазкур тибқи нақша — чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Восеъ бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади таъмини сокинон бо оби ошомиданӣ, бо ибтикори мақомот ва бо ҷалби маблағгузории соҳибкорони маҳал чоҳи амудӣ бо чуқурии 118 м ва хати интиқоли оби нӯшокӣ ба масофаи 4 км дар маҷмӯъ ба маблағи беш аз 487 ҳазор сомонӣ ба нақша гирифта шуда, сохтмонаш ба анҷом расонида шуд.
Иншооти мазкур барои таъмин намудани сокинони кӯчаҳои ба номи А. Сино, А.Дониш ва Душанбе дар маҷмӯъ 434 хоҷагӣ бо оби нушокӣ пешбинӣ гардида, бо таҷҳизоту технологияи нави муосир муҷаҳҳаз гардонида шудааст.
Дар вақти ифтитоҳи хати интиқоли оби нӯшокӣ Раиси вилоят бо мардуми кӯчаҳои мазкур суҳбати сарироҳӣ намуд. Ҳангоми суҳбат мардуми маҳал аз сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати мамлакат ва махсусан аз Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои чунин иқдомҳои созанда изҳори миннатдорӣ намуданд.