Дар доираи сафари кории Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо иштироки Раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода, намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб — Азим Иброҳим, Раиси шаҳри Кӯлоб, роҳбарияти Агентии Тоҷикстандарт ва кормандони Раёсат бинои Раёсати стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдо дар шаҳри Кӯлоб мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.
Бинои нав дар маҳаллаи Корвонгузари шаҳри Кӯлоб бо таври замонавӣ бунëд гардида, аз 2 ошëна бо таҳхона иборат мебошад. Дар таҳхона ва ошёнаи якуми бино бахшҳои алоҳидаи ташхиси маҳсулоти ғизоӣ, озмоишгоҳҳои метрологии санҷиши воситаҳои ченак бо таҷҳизоти муосир ва шароити муосири корӣ, инчунин, китобхона ва дар ошёнаи дуюми бино ҳуҷраҳои корӣ, толори маҷлисгоҳ ва қабулгоҳи роҳбарияти раёсат ҷойгир карда шудаанд.
Дар гулгашти назди бино гулҳои ороишӣ ва дарахтони ҳамешасабз шинонида шуда, саҳни бино чароғон карда шудааст. Дар шафати бинои асосии Раёсати Тоҷикстандарт дар шаҳри Кӯлоб бунёди дигар иншооти дигари ëрирасон дар назар аст.
Раиси вилояти Хатлон ва намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба иҷрои корҳои сохтмонӣ ва фаъолияти озмоишгоҳҳои навтаъсис баҳои баланд дода, истифодаи самараноки имконоти мавҷуда ва таъмини бехатарии ҳаёт ва саломатии аҳолиро дар ҳамаи самтҳо, муҳим шумориданд.