Дар доираи сафари кории Президенти мамлакат ба вилояти Хатлон як қатор иншооти таъиноти гуногун мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд.
Бо иштироки раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода ва намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бинои маъмурии КФД “Ниҳолпарварӣ ва кабудизоркунӣ”-и шаҳри Бохтар ба истифода супурда шуд. Бинои нав аз ҳуҷраҳои барҳавои корӣ ва шароити муносиби фаъолият иборат аст.
Тавре ки Тоҷиддин Давлатзода, директори КФД “Ниҳолпарварӣ ва кабудизоркунӣ”-и шаҳри Бохтар, иттилоъ дод, айни замон дар корхона 58 нафар кор мекунанд, ки 27 нафарашон коргарони бахши кабудизоркунӣ ва 13 нафар бригадаи гулпарварон мебошад.
Корхона дорои 8 адад техника буда, ҳамарӯза ва саривақт корҳои истеҳсолию хоҷагидориро амалӣ менамоянд.
— Баҳри иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба корҳои ободонию созандагӣ аз тарафи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва шаҳри Бохтар тасмим гирифта шуд, ки як бинои хубу замонавӣ сохта, дар арафаи таҷлили ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлати Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди истифодабарӣ қарор дода шавад, — афзуд Т. Давлатзода. — Бо ҷалби ҶДММ “Соҳиб-Дӯст” аз тарафи маблағгузор — Идораи сохтмони асосии шаҳри Бохтар сохтмони бинои маъмурӣ оғоз гардида, дар кори сохтмон 14 нафар ба кор фаро гирифта шуданд.
Маблағи лоиҳавии сохтмон 376 ҳазор сомониро ташкил дод.
Иттилоъ дода шуд, ки масоҳати умумии корхона 2 гектар заминро ташкил намуда, аз он 1,5 гектарашро заминҳои корам фаро гирифтааст. Дар заминҳои ҳудуди корхона зиёда аз 600 бех дарахтони ҳамешасабз, аз қабили туя, сӯзанбарг, можжевелник ва сарв (кипарис) мавҷуд мебошанд, ки дар ҳолати хуби нашъунамо қарор доранд.
Дар корхона 5 адад гармхона бо масоҳати умумии 1600 метри мукааб мавҷуд мебошанд, ки барои таъмини кӯчаҳо ва майдону гулгаштҳои шаҳри Бохтар бо 16 намуд гулҳои гуногуни мавсимию бисёрсола мусоидат менамоянд.
Аз ин гармхонаҳо 1 ададаш гармхонаи модарӣ (маточний) ташкил аст, ки дар он гулҳои гуногуни мавсимӣ аз тухм парвариш шуда, бо қад кашиданашон ба 4 гармхонаи боқимонда кӯчонида мешаванд.
Айни замон дар гармхонаи аз тухмӣ парвариш ёфтани гул зиёда аз 100 ҳазор гул нашъунамо ёфта истода, дар гармхонаҳои дигар зиёда аз 150 ҳазор гулҳои гуногун, ба монанди петуния, катарантус, тагетс, гатсания, салвия, “наъраи шер”, юка, мехчагули туркӣ ва ғайра мавҷуд мебошад.
Баҳори соли ҷорӣ дар кӯчаю хиёбонҳо ва гулгашту майдонҳои ҳудуди шаҳри Бохтар 140 ҳазор бех гулҳои гуногуни мавсимӣ ва 501 ҳазор бех пиёзакҳои гули лолаи навъи F1 ва F2 шинонида шуд.
Дар маъракаи ниҳолшинонӣ бошад, аз тарафи корхона дар шаҳри Бохтар зиёда аз 600 бех дарахтони сояафкан, ороишӣ ва ҳамешасабз ба монанди туя, сӯзанбарг, арча (можжевелник), шоҳбулут, сирена шинонида шуд.
Инчунин, аз ҳисоби истеҳсоли худии корхона зиёда аз 31 ҳазор бех гулҳои гуногуни садбарг, ки аз қаламча омода карда шудаанд, дар ҳудуди шаҳри Бохтар шинонида шуд.
Мавриди қайд аст, ки аз соли таъсисёбӣ то инҷониб корхонаи фаръии давлатии “Ниҳолпарварӣ ва кабудизоркунӣ”-и шаҳри Бохтар дорои бинои маъмурӣ набуда, кормандони он дар ҳуҷраҳои кории дохили вагон фаъолият менамуданд.
Ҳамакнун, бо фароҳамоварии шароити муносиби корӣ аҳли заҳмати ин корхона фаъолияташонро вусъат дода, дар бештар хурраму кабудизор кардани кӯчаву хиёбонҳои маркази маъмурии вилояти Хатлон саҳмгузорӣ хоҳанд кард.
Шуъбаи иттилоотию таҳлилии
дастгоҳи раиси вилояти Хатлон