Инчунин, дар дораи сафари корӣ раиси вилояти Хатлон муҳтарам Давлаталӣ Саид ба ноҳияи Восеъ дар муассисаи таълимии миёни умумии №16 Бинои иловагӣ барои 150 ҷойи нишастро мавриди истифодабарӣ қарор дод.
Ба раиси вилоят маълумот дода шуд, ки бинои таълимии мазкур тибқи нақша — чорабиниҳои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Восеъ бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дарназардошти дар асоси пешниҳоди мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Восеъ бо маблағгузории ташкилоти ҷамъиятии “Эҳёи Сомониён” иборат аз 1 бино бо 1 блоки 1 — ошёна, 6 синфхонаи таълимӣ барои 300 хонанда дар ду баст, ба нақша гирифта шудааст.
Сохтмони муассисаи мазкур соли 2022 оғоз гардида, фармоишгари он Муассисаи давлатии «Маркази татбиқи Лоиҳаи «Сохтмон ва муҷаҳҳазгардонии мактабҳо» Лоиҳаи иншоот бо тарҳи муосир аз тарафи пудратчии он ТҶДХ “Эҳёи Сомониён” таҳия ва тарҳрезӣ шудааст. Дар сохтмони муассисаи таълимӣ беш аз 15 нафар коргарони маҳаллӣ ба корҳои сохтмониву васлкунӣ ҷалб карда шуданд.
Раиси вилоят бо омӯзгорони ин боргоҳи маърифат вохӯрда, ба онҳо барои дар соли нави таҳсил бурдбориву комёбӣ хоста, ба соҳибкороне, ки дар сохтмони ин бинои таълимӣ саҳми худро гузошаанд, изҳори сипос намуд.