Дар идомаи сафар бинои хона музейи Рустами Холалӣ воқеъ дар Ҷамоати шаҳраки Ҳулбук, ки дар доираи нақша чорабиниҳо бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо усули муосири меъморӣ сохта шудааст, мавриди истифодабарӣ қарор дода шуд. Бино дорои ду ҳуҷра буда, бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлати ноҳияи Восеъ ва соҳибкорон бо сифати баланд ва ҷавобгӯ ба талаботи замони муосир сохта шудааст.