Имрӯз, 13 феврал, раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода дар доираи сафари кории худ дар ноҳияи Муъминобод аз кишти картошка дар хоҷагии деҳқонии ба номи Бобои Назари Ҷамоати деҳоти «Шамсиддини Шоҳин» дидан намуд.
Дар ин мавзеъ имрӯз, бо иштироки раиси вилоят, мавсими кишти картошкаи лалмии барвақтӣ оғоз гардид. Картошка дар қаторҳои байни дарахтони боғистони мазкур кишт карда мешавад.
Иттилоъ дода шуд, ки хоҷагии мазкур соли 2010 ташкил дода шуда, дорои 3 гектар замин аст. Аз ин 1 гектараш боғи мевадиҳанда, аз қабили себ, гелос, зардолу ва нок мебошад.
Соли гузашта ҳам хоҷагидорон дар қаторҳои боғи мазкур картошкаи лалмии таҷрибавӣ кишт карда буданд ва ҳосили хуб ба даст оварда, имсол ҳам ин таҷрибаро ба кор мебаранд.
Раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода, ки ихтисосманди соҳаи кишоварзӣ мебошад, зимни суҳбат бо хоҷагидорон барои истифодаи самараноки замин ва сари вақт ба анҷом расонидани кишти картошкаи барвақтӣ тавсияҳо дод.
Сипас, раиси вилоят аз ҷараёни корҳои барқарорсозии токзор дар мавзеи Ҷалоқи Ҷамоати деҳоти «Деҳибаланд» боздид кард. Иттило дода шуд, ки мавзеи Ҷалоқ дар ҳудуди Ҷамоатҳои деҳоти «Деҳибаланд» ва «Боғгаӣ» доман афрохта, соҳои 70-уми асри 20 бунёд гардидааст.
Корҳои барқарорсозии 200 гектар майдони токзор дар асоси дастуру ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оғоз гардидааст.
Айни замон корҳои барқарорсозӣ дар 60 гектар, аз ҷумла нарм кардани бехи ниҳолҳо, шудгори байни қаторҳо ва қайчикунии ниҳолҳо идома дорад.
Дар наздикии майдони токзор соҳибкори маҳаллӣ ба барқарор намудани собиқ корхонаи истеҳсоли шароб шурӯъ намудааст. Айни ҳол корҳои сохтмонӣ дар иншооти мазкур бо ҷалби мутахассисон оғоз гардида, дар сурати ба истифода додани он тақрибан 20 нафар ба ҷойи кори доимӣ таъмин мегарданд.
Раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода имрӯз ҳамчунин аз корҳои сохтмонӣ ва таъмири роҳи байни деҳа дар мавзеи Гулистони Ҷамоати деҳоти ба номи Нуралишо Назаров дидан намуд.
Айни ҳол дар деҳаи мазкур сохтмони фермаи чорводорӣ барои нигоҳубини 100 сар чорвои калони шохдор ва дар масоҳати 3 гектар боғи интенсивӣ, истироҳатгоҳ иборат аз 14 кат идома дорад.
Имрӯз ҳамчунин вохӯрии раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода бо фаъолони ноҳияи Муъминобод ба нақша гирифта шудааст.
Шуъбаи иттилоотию таҳлилии
дастгоҳи раиси вилояти Хатлон