Дар идомаи сафари кори Раиси вилояти Хатлон Ҳакимзода Қурбон аз рафти корҳои ободониву созандагӣ дар мавзеи Гулистони Ҷамоати деҳоти ба номи Нуралишо Назаров дидан намуданд.
Иттилоъ дода шуд, ки айни ҳол дар деҳаи мазкур сохтмони фермаи чорводорӣ барои нигоҳубинии 100 сар чорвои калони шохдор ва дар масоҳати 3 гектар боғи интенсивӣ, истироҳатгоҳ иборат аз 14 кат идома дорад.