Раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода имрӯз ҳамчунин бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар бинои прокуратураи ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ шинос шуданд.
Умури сохтмонӣ дар ин мавзеъ соли 2018 оғоз ёфта, то имрӯз ошёнаҳои якуму дуюми бино сохта шудааст. Бино аз ду ошёна ва таҳхона иборат буда, дар бинои асосӣ 14 ҳуҷраи корӣ, маҷлисгоҳ ва дар бинои ёрирасон 3 ҳуҷра сохта мешавад.
Бино ба маблағи 3 миллиону 864 ҳазор сомонӣ сохта шуда, тибқи нақша, дар арафаи Иди байналмилалии Наврӯз дар соли 2021 ба истифода дода мешавад.
Раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода инчунин, аз рафти сохтмони бинои нави Осорхона, китобхона ва матбаа дидан намуданд.
Бинои нави Осорхона, китобхона ва матбаа, воқеъ дар маркази ноҳия — шаҳраки Балх сохта шуда, маблағи умумии сохтмон 4,5 миллион сомониро дар бар мегирад. Сохтмони бино аз ҳисоби буҷети маҳаллии ноҳия амалӣ гардида истодааст.
То ин замон сохтмони ошёнаи чорум ба анҷом расида, корҳои пардозгарӣ ҷараён дорад.
Пас аз мавриди истифода қарор гирифтани бино дар таҳхонаи он матбаа, идораи нашрияи ноњиявии “Навиди Балх” ва идораи бойгонии ноҳия, дар ошёнаҳои якум ва дуюм осорхона ва дар ошёнаи сеюм ва чорум китобхонаи марказӣ ҷойгир карда мешаванд.
Раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода таъкид намуданд, ки иншооти мазкур аҳамияти баланди фарҳангӣ дошта, сохтмони он бояд бо сифати баланд ба анҷом расонида шавад. Инчунин дастурҳо доир ба таъмини нигораҳои таърихӣ, ороиши осорхона бо амсилаи мавзеъҳои фарҳангию ёдгориҳои меъмории ноҳия, таъмини шароити мусоиди корӣ барои эҷодкорони нашрияи маҳаллӣ дода шуданд.
Шуъбаи иттилоотию таҳлилии
дастгоҳи раиси вилояти Хатлон