Рӯзи 8 ноябри соли равон   бахшида ба Рӯзи милитсия дар кохи Филармонияи халқии ба номи Одина Ҳошимови ноҳия ҷамъомади тантанавии кормандони милитсия бо иштироки намояндагони мақомотҳои ноҳиявии прокуратура, суд, амният ва аҳли ҷамоатчигии ноҳия баргузор гардид.

  Ҷамъомади тантанавиро раиси ноҳия муҳтарам Б. Одиназода бо сухани муқаддимавӣ ҳусни ифтитоҳ бахшида, дар бораи таърихи милитсияи тоҷик ва ҳиссаи он дар таҳкими истиқлолияти давлатии кишвар, ҳимояи манфиатҳои конститутсионии шаҳрвандони мамлакат суханронӣ ва ҳайати шахсии милитсияи ноҳияро ба рўзи иди касбиашон табрик намуданд.

  Баъд сардори шуъбаи ВКД дар ноҳия, полковники милитсия Пирумшозода Нуриддин Давлат дар бораи фидокориҳо ва ҷоннисориҳои кормандони шуъба дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ, дар мубориза бар зидди ҷинояту ҷинояткорӣ, ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон, пешгирии ҳар гуна ҳуқуқвайронкуниҳо, дигар амалҳои ғайриқонунӣ, алалхусус пешгирии муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир баромад кард.

  Дар охир як қатор афсарону кормандони шуъба, ки дар иҷрои вазифаи хизматӣ намунаи хуб нишон доданд, бо сипосномаҳои раиси ноҳия ва ифтихорномаҳои роҳбарияти ШВКД дар ноҳия сарфароз гардонида шуданд.

 

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here