Гурӯҳҳои корие, ки дар ҷамъомади назди раиси кумитаи рушди маҳалли Ҷумҳурии Тоҷикистон Қосим Роҳбар ва раиси шаҳри Бохтар Исмоилзода Абдуалим бо мақсади омодагӣ ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил гардиданд, фаъолияти ҳаррӯзаи худро нақшагузорӣ намуда истодаанд. Ҳамаи муовинони раиси шаҳри Бохтар роҳбарии гурӯҳҳоро ба уҳда гирифта, бо дигар масъулон корро пеш хоҳанд бурд.

 Дар назди муовини раиси шаҳр Муҳаммадҷонзода Дилшод Осимӣ бо иштироки раисони маҳалла, директорони муассисаҳои таълимӣ, имомхатибон ва дигар масъулон аз мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр, роҳбарони ташкилоту корхонаҳои шаҳрӣ ҷамъомад доир гардид. Ҳамаи аъзоёни гурӯҳро ҷамъ намуда, фаъолияти минбаъдаи онро дар асоси нақшаи тасдиқгардида мавриди баррасӣ ва омӯзиш қарор доданд. Муҳамадҷонзода Дилшод Осимӣ вобаста ба нақша, роҳҳои иҷроиши саривақтии вазифаву уҳдадориҳо, корҳои ба анҷом расида аъзоёни гурӯҳро пурсиш намуд.

 Дар умум бо ба инобат гирифтани фикру мулоҳизаҳои ахзоёни гурӯҳ тасмим гирифта шуд, ки ҳамарӯза пас аз анҷоми кор ба роҳбари гурӯҳ ҳисобот пешниҳод мекунанд ва дар мавриди пайдо шудани мушкилӣ ё монеаҳо гурӯҳ дар якҷоягӣ онҳоро бартараф мекунад. Пас аз гирифтани дастуру супориш ва гузоштани вазифаҳо дар назди аъзоёни гурӯҳ ба маҳаллаҳо барои ҳамкорӣ бо мардум, иҷрои супоришҳо сафарбар гардиданд.

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here