Кишоварзони навоҳии минтақаи Кӯлоб вобаста ба нақшаи дурнамои хеш ӯҳдадор шуда буданд, ки берун аз марзи кишвар ба андозаи 13000 тонна маҳсулотҳои мухталифи кишоварзӣ содир менамоянд.Аз маълумотҳои оморӣ бармеояд, ки онҳо иҷрои нақшаро пеш аз мӯҳлат иҷро намуда, ба қадри 60 тонна маҳсулоти иловагӣ содир намуданд. Маҳсулотҳои содиротии кишоварзони минтақаро аслан меваю сабзавот ташкил намудааст, ки ба ҷумҳуриҳои Қазоқистон, Афғонистон, Ӯзбекистон, Покистон, Сингапур, Эрон, Аморати Араб ва Федератсияи Руссия интиқол ёфтаанд. Миёни ноҳияҳое, ки бештар маҳсулоти кишоварзӣ содир кардаанд, ин ноҳияҳои Фархору Данғара ва Восеву Ҳамадонист. Содироти ноҳияҳои мазкур 1510-2605 тоннаро ташкил менамояд. Ҷараёни содироти маҳсулот идома дорад.