Дар нишсти матбуотие, ки имрӯз дар сарраёсати молияи вилояти Хатлон доир гардид, Назарзода Бахтиёр оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои иҷроиши буҷети маҳаллии вилоят дар нимсолаи аввали соли 2019 маълумот дод.
Дар нишаст қайд карда шуд, ки бо дар назардошти рушди воқеии иқтисодии вилоят иҷрои нақшаи даромади буҷет 104 фоиз таъмин гардида, ба буҷет 569,7 млн. сомонӣ маблағ ворид гардидааст, ки нисбати соли гузашта 93,8 млн. зиёд мебошад.
Хароҷоти буҷети маҳаллӣ дар давраи ҳисоботӣ ба соҳаҳои иқтисодии вилоят зиёда аз 807,3 млн. сомонӣ равона карда шудааст, ки 97 фоизи нақшаи хароҷотии буҷети маҳаллии вилоятро ташкил медиҳад.
Дар маҷмӯъ 707,4 млн. сомонӣ ё ин ки 88% маблағи буҷет дар вилоят ба соҳаи иҷтимоиёт аз ҷумла маориф 470 млн. сомонӣ, тандурустӣ 201,5 млн. сомонӣ, ҳифзи иҷтимоӣ 6,3 млн. сомонӣ, фарҳанг ва варзиш 29,6 млн. сомонӣ равона карда шудааст, иттилоъ дода шуд, зимни нишаст.