Имрӯз, 11 март, дар маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон таҳти раёсати раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи якуми Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон, даъвати шашум баргузор гардид.
Пас аз садо додани Суруди миллӣ ахбороти Қурбоналӣ Қурбонзода, раиси Комиссияи вилоятии интихобот оид ба интихоботи вакилони Маҷлиси вакилони халқи вилоят, шунида шуд. Қ. Қурбонзода зикр намуд, ки 1 марти соли 2020 дар 1068 участкаи овоздиҳӣ бо иштироки қариб якуним миллион нафар интихобкунанда интихоботи Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон баргузор гардид.
Ба иттилои мавсуф, дар ҳудуди вилоят 69 ҳавзаи вилоятии интихоботӣ ба қайд гирифта шуда, аз ҷониби Комиссияи вилоятии интихоботи вакилони Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон 253 номзад ба қайд гирифта шуда буданд.
— Ин маъракаи муҳими сиёсӣ, чуноне ки мушоҳидони байналмилалӣ эътироф намуданд, озоду шаффоф ҷараён гирифт ва ба Маҷлиси вакилони халқи вилоят мутахассисони баландпоя, шахсони соҳибобрӯ, донишманду соҳибмаърифат ва арзанда интихоб гаштанд, — илова кард раиси Комиссияи вилоятии интихобот.
Сипас, ваколати ҳамаи 69 вакили интихобшудаи Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон, даъвати шашум тасдиқ гардида, вакилон дар назди халқу давлат савганд ёд намуданд.
Аз рӯйи масъалаҳои сеюму чоруми кори иҷлосия вакилони тозаинтихоб Дастури кории Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон, даъвати шашумро тасдиқ ва комиссияҳои доимии маҷдисро ташкил намуданд. Инчунин ҳайат ва Низомномаи комиссияҳои доимии Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон, даъвати шашум тасдиқ карда шуд.
Аз ҷониби вакилони маҷлиси вилоятӣ номзадии Қурбон Ҳакимзода – вакил аз ҳавзаи интихоботии Кӯлоб №8 ба узвияти Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбарӣ гардида, мавриди дастгирӣ қарор ёфт.
Пас аз баррасии масъалаҳои ҷорӣ иҷлосияи якуми Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон, даъвати якум ба кори худ хотима бахшид.
Шуъбаи иттилоотию таҳлилии
дастгоҳи раиси вилояти Хатлон