Имрӯз дар маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон иҷлосияи даҳуми Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон, даъвати шашум баргузор гардид. Дар иҷлосия муовини якум, муовинони раиси вилоят, муовини роҳбари дастгоҳ, сардорони раёсат ва мудирон шуъбаву бахшҳои дастгоҳи раиси вилоят, роҳбарони ташкилоту муассисаҳои вилоятӣ, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, раисони шаҳру ноҳияҳои вилоят,муовинони раисони шаҳру ноҳияҳо оид ба иқтисодиёт, роҳбарони кишоварзии шаҳру ноҳияҳо, раисони ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳоти шаҳру ноҳияҳо ва кормандони васоити ахбори омма иштирок доштанд.
Раиси Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода аз рӯи рузномаи иҷлосия суханро ба раиси Комиссияи интихоботии вилоят Қурбонзода Қурбон дод. Аз рӯи ахбороти номбурда 20 – феврали соли ҷорӣ дар ҳавзаҳои интихоботии Левакант – рақами 11, Мир Саид Алии Ҳамадонӣ рақамӣ 49, Фархор рақамӣ 58 ва Шамсиддин Шоҳин рақамӣ 69 интихобот ба ивази вакилони хориҷшуда гузаронида шуда буд.
Аз рӯи иттилои раиси Комиссияи вилоятии интихобот Давлатова Бибимаҳбуба аз ҳавзаи интихоботии Левакант №11, Сайдализода Ҷурахон Қурбон аз ҳавзаи интихоботии Ҳамадонӣ №49, Назирӣ Зариф Вализода аз ҳавзаи интихоботии Фархор №58 ва Гулзода Зафар Шамсиддин аз ҳавзаи интихоботии Шамсиддин Шоҳин №69 бо гирифтани овозҳои бештар вакил интихоб гардиданд.
Раиси Маҷлиси вакилони халқи вилоят онҳоро барои интихоб шудан ба ин масъулияти баланд табрику таҳният гуфта ба онҳо шаҳодатнома ва нишони сарисинагии вакили Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлонро супурд.
Аз рӯи масъалаи дуюми рӯзномаи Иҷлосия оиди рафти иҷрои қарори Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон аз 25 декабри соли 2020, №110 «Дар бораи тасдиқ намудани Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии вилоят барои солҳои 2021 — 2025» дар шаҳру ноҳияҳои вилоят сухан ба муовини раиси вилояти Хатлон Сулаймонзода Акрам дода шуд. Номбурда дар назди вакилони Маҷлиси вакилони халқи вилоят ва дигар иштирокдорон аз вазъи иҷрои Барномаҳои давлатӣ суханронӣ карда афзуд, ки дар вилоят 368 лоиҳа ба маблағи зиёда аз 8 миллиард сомонӣ марҳила ба марҳила бояд амалӣ гардад. Айни замон 62 лоиҳа бо азхудкунии 15,6 фоизи маблағҳо сурат гирифта корҳо дар ин самт идома дорад.
Ҳамзамон дар иҷлосия аз ҷумла Маҷидӣ Муҳтадӣ – раиси ноҳияи Ховалинг, Садриддинзода Баҳриддин – раиси ноҳияи Қубодиён ва дигарон вобаста ба корҳои анҷомдодашуда дар самти ободонӣ ва бунёди корхонаҳои хурди истеҳсолӣ, таъмири роҳҳои маҳаллӣ, боз ҳам беҳтар кардани ҳолати мелиоративии заминҳо, ба гардиши кишоварзӣ дохил кардани заминҳои бекорхобида, таъмини амнияти озуқаворӣ, таъсиси корхонаву сехҳои истеҳсолӣ ва бо ҷойи кор таъмини ҳарчӣ бештари бекорон ва ғайраҳо ибрози ақида карданд.
Ҳамчунин ҳозирин аз рӯи масъалаи дигари рӯзномаи иҷлосия ҳисоботи директорони генералии Ҷамъияти саҳхомии кушодаи «Фурудгоҳҳои байналмилалии Бохтару Кулоб» оид ба рушди соҳаи авиатсияи гражданӣ дар вилоятро шуниданд. Бояд гуфт, ки фаъолияти фурудгоҳи шаҳри Бохтар ва фурудгоҳи шаҳри Кулоб хуб буда, таъмиру азнавсозии ҷойи пазироӣ, таъсиси гушаҳои таблиғотӣ бо се забон: тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ, харидории техникаҳои барои фурудгоҳ пешбинишуда аз фаъолияти назарраси онҳо бозгӯӣ мекунад.
Вакил Абдуалим Исмоилзода раиси комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон оид ба қонуният, тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният бобати корҳои ба анҷомрасонида дар якчанд ноҳияҳои вилоят ҳисобот дод. Ба андешаи ӯ дар фаъолияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо камбудиҳои ҳалталаб ҷой доранд ва моро зарур аст, ки барои ислоҳи онҳо чораандешӣ намоем. Аз ҷумла дар самти ҳуҷҷатгузорӣ, бақайдгирии дафну азодорӣ, муқовимат бо терроризму ифротгароӣ, бурдани корҳои таблиғотию ташвиқотӣ ва риояи тарзи дурусти ҳаёти солим.
Дар қисми охири Иҷлосияи даҳуми Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон даъвати шашум баъди масъалаҳои ҷорӣ ва кадрӣ, раиси Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода аз масъулин даъат ба амал овард, ки дар иҷрои масъулияти ба зиммадошта фориғболӣ накарда, сидқан дар пайи беҳбудии рӯзгори сокинони шаҳру ноҳияҳо бошанд.