Субҳи имрӯз, 11 октябр, дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят иҷлосияи ҳаштуми Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон баргузор гардид. Раиси маҷлис, раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода бо ифтитоҳи кори иҷлосия, вакилон ва даъватшудагонро бо рӯзномаи иҷлосия шинос намуд. Нахуст, ба хотири гиромидошти рӯҳи вакили Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон аз ҳавзаи интихоботии Ёвон №33 марҳум Барфихон Холов дақиқаи хомӯшӣ эълон карда шуд.
Дар иҷлосия ахбороти Қурбон Қурбонзода — раиси Комиссияи вилоятии интихобот, оид ба гузаронидани интихоботи вакили Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон ба ивази вакили хориҷшуда дар ҳавзаи интихоботии Кӯшониён №15 ва тасдиқ намудани ваколати вакили Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон шунида шуд. Қайд гардид, ки дар интихоботи мазкур номзади ҲХДТ Файзуллозода Заробиддин Қудрат — муовини раиси вилояти Хатлон пирӯз гардид. Раиси Маҷлиси вакилони халқи вилоят Қурбон Ҳакимзода ба вакили тозаинтихоб Файзуллозода Заробиддин Қудрат шаҳодатномаи вакилиашро супурд. Вакили тозаинтихоб Файзуллозода Заробиддин ба сухан баромада, ба ҳамаи он нафароне, ки ба тарафдорияш овоз доданд минтдории хешро баён намуда, дар назди ҳозирин ваъда дод, ки ба халқу ватанаш софдилона хизмат хоҳад кард.
Аз рӯйи масъалаи дуюми иҷлосия муовини раиси вилоят Фирӯза Шарифӣ маърӯза карда, рафти иҷрои қарори раиси вилояти Хатлонро аз 23 апрели соли 2018, №101, оид ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 марти соли 2018, №79 “Дар бораи Барномаи давлатии тарбияи ватандӯстӣ ва таҳкими ҳувияти миллии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2022” дар шаҳру ноҳияҳои вилоят мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дод. Дар кори иҷлосия ҳамчунин рафти иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 июни соли 2019, №316 “Дар бораи Барномаи давлатии рушди таҳсилоти томактабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2025” дар шаҳру ноҳияҳои вилоят баррасӣ гардида, ҳисоботи Самиева Мавҷуда сардори Филиали муассисаи давлатии бордоркунии сунъӣ ва хариду фурӯши чорвои зотӣ дар минтақаи Бохтар оид ба ҳолати нуқтаҳои бордоркунии сунъии чорво дар шаҳру ноҳияҳои вилоят, ҳисоботи муовини якуми раиси вилояти Хатлон Салимзода Амонулло оид ба масъалаҳои аграрӣ, беҳдошти замин ва обёрӣ, ҷангал ва ҳифзи муҳити зист шунида шуд. Раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода ба масъулон доир ба ислоҳи камбудию норасоиҳо дар фаъолияташон, иҷрои босифати қарорҳои Ҳукумати мамлакат дастуру супоришҳои қатъӣ доданд. Инчунин дар рафти иҷлосия як қатор муассисаҳои таълимӣ номгузорӣ карда шуданд.