Сарраёсати назорати давлатии тандурустӣ ва ҳивзи иҷтмиои аҳолӣ дар вилояти Хатлон дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба дастгирии қишри ниёзманди ҷомеъа дар арафаи Иди Саиди фитр ба Маркази бемориҳои равонпизишкии дар шаҳри Бохтар кумак расонид.

  Чи тавре аз маркази матбуотии Сарраёсати номбурда хабар доданд, аз тарафи Сарраёсат як миқдор маводҳои хурокворӣ ва молҳои санитарию гигиенӣ ба ин беморхона дастрас намуданд.

  Одинамаҳмад Шарифзода, сардори шуъбаи назорати давлатии фармасевтии Сарраёсати номбурда изҳор дошт, ки чунин кумакҳои як вақтаинаро онҳо дар арафаи ҳамаи идҳо ва ҷашнҳои давлатӣ ба ин марказ мерасонанд. “Мо бо роҳбарияти Маркази бемориҳои равонпизишки” ҳамеша дар алоқаем ва ҳамеша кушиш мекунем ёрии худро ба ин марказ расонем”- илова кард Шарифзода.

 

 

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here