Бо ибтикори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон нашрияи махсус барои кӯдакону наврасон бо номи «Ғунчаҳои Хатлон» таъсис дода шуд.
Ҳадафи таъсиси ин нашрия фароҳам овардани минбар барои истеъдодҳои наврас, муаррифию тарғиби дастовардҳо ва эҷодиёти онҳо, ҷалби кӯдакону наврасон ба мутолиа ва илмомӯзӣ, инкишофи ҷаҳони маънавӣ ва дар рӯҳияи ватандӯстию худшиносӣ тарбия намудани онҳо унвон мешавад.
Шумораи якуми нашрияи «Ғунчаҳои Хатлон», ки аз 16 саҳифаи формати А4 иборат аст, кӯдакону наврасони лаёқатманди вилояти Хатлонро ба хонандагон муаррифӣ намуда, дар бораи дастовардҳои онҳо дар озмуну олимпиадаҳои фаннӣ маълумот медиҳад.
Инчунин, дар ин шумора афсонаю чистонҳо, тезгӯяку латифаҳои бачагона, муаммою бозиҳои донишафзо, тестҳо, карикатураю калимаёбак, дарси забони англисӣ тавассути бозиҳо, кроссворду судоку ва дигар маводи ҷолиби диққати хонандагон ба чоп расидаанд.
Умед дорем, ки ин нашрия дар соли 2021 ба қалби хонандагони нуқтасанҷ роҳ ёбаду дар тарғиби арзишҳои миллӣ, муаррифии истеъдодҳои наврас ва тарбияи кӯдакони хушзавқ саҳми арзандаи худро гузорад.
Шуъбаи иттилоотию таҳлилии
дастгоҳи раиси вилояти Хатлон