Оилаи Асадуллоевҳо тасмим гирифтанд, ки аз ҳисоби пасандозҳои шахсӣ як хонаи истиқоматиро баҳри дастгирии якеаз хонаводаҳои аз офати табиии моҳи майи соли ҷорӣ зарардидаи ноҳияи Хуросон то давраи зимистон бунёд созанд.

Нияти неки ин оила амалӣ гардида, санаи 1-уми сентябри соли ҷорӣ ба яке аз оилаҳои зарардида — оилаи Хидировҳо калиди хонаи нав тақдим карда шуд.