Зимистонгузаронӣ дар соҳаҳои иқтисодию иҷтимоии ноҳия, аз ҷумла бахшҳои маориф, фарҳанг, тандурустӣ, роҳсозӣ ва коммуналӣ дар сатҳи баланд ҷараён дорад.
  Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳоки-мияти давлатии ноҳия дар доираи иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 марти соли 2018 «Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2018 – 2019» бо мақсади бе мушкилӣ гузарондани мавсими сармо корҳои зиёдеро ба сомон расондааст.
  Аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузор барои хариди ангишт, гази моеъ, маҳсулоти нафтӣ, барқ ва ҳезум, ғайр аз роҳҳои маҳаллӣ беш аз 200 ҳазор сомонӣ маблағ ҷудо гардид.
  Тавре сардори муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди ноҳия Сайдаҳмад Ҳусайнов иброз намуд, айни замон муассиса 115,4 километр роҳҳои маҳаллӣ ва 63 километр роҳҳои ҷумҳуриявии дар тавозунаш мавҷудбударо пурра ба фасли сармо омода намудааст. Дар корхона 30 нафар ба ҳайси кормандони муҳандис – техник фаъолият мекунанд, ки 9 техникаи гуногуни роҳтозакунӣ дар ихтиёр доранд. То имрӯз аллакай ду маротиба роҳи душворгузари 100 километраи Ховалинг – Шехон – Шугновро аз барф тоза карданд. Бо дастгирии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия барои таъмиру нигоҳдории роҳҳо, захираи қум, сӯзишворӣ ва қисмҳои эҳтиётӣ 600 метри мукааб маводи зидди лағжиш, 40 тонна сӯзишворӣ ва 15 метри мукааб ҳезум захира карда шудааст. Техникаҳои муассиса низ дар ҳолати хуб қарор доранд. Маъмурияти корхона барои таъмини ҳаракати мунтазами ҳама гуна воситаҳои нақлиёт дар давраи зимистон ҷадвали кориро дар асоси навбатдории шабонарӯзӣ ташкил намудааст. Давоми даҳ моҳи соли равон аз ҷониби муассисаи давлатӣ беш аз 90 километр роҳҳои маҳаллӣ аз таъмири ҷорӣ бароварда шуда, 10 километри он пурра мумфарш гардид. Дар ин давра бо дастгирии Вазорати нақлиёт 8 километр роҳҳои Ховалинг – Шехон яке аз роҳҳои вазнингузар пурра сангфарш шуда, дар он сохтмон идома дорад. Ҳамчунин, аз ҳисоби Дирексияи сохтмонии иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, 6 километр роҳҳои ҳудуди ноҳия пурра асфалтпӯш карда шуд. Ҳамзамон, аз тарафи соҳибкорони саховатпешаи ватанӣ дар роҳи деҳаҳои Шугнов – Сиёфарк ду пули нав бунёд ёфта, таъмири қисми болопӯши боз як пули дигар идома дорад. Аз ин ҳисоб 4 километр роҳҳои дохили деҳаҳои Сафедшаҳрак, Наврӯҳо, Тӯтак ва Хоҷа Халилӣ низ пурра сангфарш гардиданд.
Холназар КАСИРОВ, «Ҷумҳурият»

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here