Имрӯзҳо дар сар то сари шаҳру навоҳии Ҷумҳурии Тоҷикистони соҳибистиқлоламон 26 — умин солгарди таъсисёбии Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад. Қобили қайд аст, ки Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷо бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дигар сохторҳои низомии мамлакат дар ҳифзи истиқлолияти давлатӣ ва ҳифзу ҳимояи марзҳои Ватан саҳми сазовору ҷавонмардона гузошта истодаанд.

Хизмат кардан ба Ватан шарафи бузург ва дар айни замон вазифаи муқаддаси ҳар як ҷавони бонангу номус мебошад.

Имрӯз ҷавонони бонангу номуси мо хуб дарк мекунанд, ки хизмат ба Ватан барои онҳо қарзи муқаддаси фарзандӣ ва рисолати мардонагист. Яъне хизмати ҳарбӣ нишонаи равшанӣ, эҳсоси ватандӯстӣ, дарки зарурат ва аҳамияти ҳимояи манфиатҳои давлат ва халқи Тоҷикистон мебошад.

Бахшида ба «Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон–23 феврал» вохӯрии раиси ноҳияи Ҷайҳун бо сарбозону афсарони дидбонгоҳои сарҳадии ноҳия баргузор гардид, ки раиси ноҳия онҳоро ба муносибати ҷашни 26 солагии «Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷокистон» табрик намуд.

Тибқи нақша аз тарафи бахши фарҳанги ноҳия дар дидбонгоҳои ноҳия барномаи консертӣ пешкаши афсарон ва сарбозон гардонида шуда ва то 23 феврал идома дорад.

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here