Мутобиқ ба ҷадвали баргузории суҳбату вохӯриҳои ТҶҶ “Созандагони Ватан” дар ҳамбастагӣ бо Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб миёни хонандагони синфҳои болоии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ҷиҳати баланд бардошти ҳисси ватандӯстӣ ва хештаншиносии онҳо дар МТМУ №49 бо хонандагони синфҳои болоӣ мулоқот доир карда шуд.

  Зимни мулоқот муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Фирузи Саидмӯъмин иштирок намуда, қайд кард, ки масъалаи ҷавонон ва дастгирии ҳамаҷонибаи онҳо ҳамеша дар маркази таваҷҷуҳи давлату ҳукумат қарор дошта, бахши муҳими фаъолияти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро ташкил медиҳад. ҲХДТ аз рӯзҳои аввали таъсисёбии худ ба масъалаи ҷавонон аҳамияти аввалиндараҷа зоҳир менамояд. Ин аст, ки яке аз самтҳои асосии Барномаҳои ҳизбро масъалаи кор бо ҷавонон ташкил медиҳад. ҲХДТ ҷавононро ҳамчун ояндаи давлату миллат эътироф намуда, нерӯи тавоно, созанда ва ташаббусҳои онҳоро ҷонибдорӣ ва ҷиҳати амалӣ шудани иқдомҳои бунёдкоронаи ҷавонон кӯшиш ба харҷ медиҳад. Ҳамин ниятҳо буд, ки барои раҳнамусозии ҷавонон дар назди ҲХДТ Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон “Созандагони Ватан” таъсис дода шуд, ки он қанноти ҷавони ҳизбро ташкил менамояд.

  Дар охир хонандагон ба баромадкунанда оид ба фаъолияти ҲХДТ ва ТҶҶ “Созандагони Ватан” саволҳои ҷавобҳои қаноатбахш гирифтанд.

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here