То ба имрӯз беш аз 120 нафар донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар пас аз супоридани имтиҳони давлатӣ ихтиёран ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон сафарбар гардиданд. Дар маросими гусели наваскарон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлатзода Сайфиддин Хайриддин, ректори донишгоҳ, муовинони ректор, Рамазон Насриддинзода, мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси вилояти Хатлон, мудири шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилоят Баҳром Миров, Амирзода Аловуддин, мудири бахши кор бо ҷавонони Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Хатлон, устодони донишгоҳ иштирок ва суханронӣ намуданд.
Ихтиёран ба хизмат ҳозир шудани ҷавонони ғаюру ватандӯст бозгӯи он аст, ки анъанаҳои неки аҷдодӣ, қаҳрамонию ҷоннисориҳои падарону бобоён дар роҳи ҳифзи хоки Ватан, таъмини сулҳу субот ва истиқлоли давлатӣ чун ворисони арзанда идома меёбад.
Танҳо 35 нафар хамкунандагон аз факултети сиёсат ва идораи давлатӣ ихтиёран ба хизмати ҳарбӣ сафарбар гардида, хатмкунандагони 12 факултети дигари донишгоҳ низ омодаи хизмати содиқона ба Ватан мебошанд.