Рӯзи 14-уми май гурӯҳи меҳмонони 1200 нафараи бадахшониён, ки дар Рӯзҳои фарҳанги Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар вилояти Хатлон ширкат варзида буданду корвони онҳо аз маркази вилоят-шаҳри Бохтар озими Бадахшон буд, раисону фаъолони як қатор ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб, ба амсоли Восеъ, Фархор, Муъминобод, Ховалинг дар даромадгоҳи шаҳраки Ҳулбуки ноҳияи Восеъ ба таври хоса истиқбол гирифтанд.Раиси ноҳияи Восеъ Мӯсо Зарифзода меҳмононро хайрмақдам гуфта, баргузории Рӯзҳои фарҳанги Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар вилояти Хатлонро самараи Истиқлолият ва сиёсатҳои хирадмандонаю дурандешонаи Пешвои миллат-Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон арзёбӣ намуданд.Ӯ арз намуд, ки дар ноҳияи беш аз 200 ҳазор нафараи Восеъ, халқияту миллатҳои гуногун дӯстона кору зиндагӣ мекунанд.Мӯсо Зарифзода баъди андешарониҳои хеш, меҳмононро сари хони густурдаи фархориҳову муъминободиҳо ва восеъгиҳову ховалингиҳо даъват намуд.
Рӯзҳои фарҳанги Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар вилояти Хатлон, ки он аз 10-ум то 14-уми май идома ёфт, ман дар он ба ҳайси мудири шуъбаи иттилоотию таҳлилии Дастгоҳи раиси вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ширкат намудам.Мо дар баробари баргузор намудани намоишу чорабиниҳои зиёди фарҳангӣ, меҳмони садҳо хонадони сокини Хатлон гардидем.Самимияти хоса ва меҳмоннавозиҳои мардуми хатлонзамин дилҳои мо бадахшониёнро тасхир намуд.Аз ин хотир мо шумо хатлониҳоро дар Бадахшон интизорем,- гуфтанд айни раҳсипор гаштани корвон Нилуфар Асламшоева.
Натиҷаи ҳамин чорабинии фарҳангӣ буд, ки ман баъди чил сол ба дидани рӯи шумо ҳамсабақам шарафёб гардидам,-бо ҳисёти афзуда, иброз намуданд айни хайрухуш рӯзноманигори шинохтаи кишвар Файзи Мирҳасан.