Тобистони соли равон зиёда аз 180 ҳазор нафар мактаббачагони вилояти Хатлон имкони истироҳат кардан дар истироҳатгоҳҳо лагерҳои наздимактабӣ,шаҳриву ноҳиявӣ ва беруназшаҳрӣ доранд.  Дар ин бора қарори махсуси раиси вилоят ба имзо расидааст. Дар асоси қарори мазкур ба ҳама сохторҳои масъул супориш дода шудааст, ки баҳри иҷрои қарори мазкур то 25 майи соли ҷорӣ корҳои омодагӣ ба истироҳати кӯдакон ба сомон расонида шуда дар рафти истироҳати кӯдакон ба таъмини онҳо бо маводҳои лозима зери назорат гирифта шавад. Ҳамзамон ба зерсохторҳои соҳаи тандурустӣ оиди таҳти назорати доими гирифтани истироҳати кӯдакон ва ҳифзи сиҳатии онҳо зимни оббозӣ дар кулҳо чораҳо андешида шавад. Супориш дода шудааст, ки дар самти ташкили кори истироҳатгоҳу лагерҳои наздимактабӣ ва шаҳрӣ бо иттифоқҳои касаба ҳамоҳангсоз бошанд.

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here