Ба санаи 16 августи соли 2021 аз вилояти Хатлон ба хориҷи кишвар 92354,9 тонна маҳсулоти кишоварзӣ содирот шуда, иҷрои дурнамо 97,2 фоиз таъмин гардид. Аз ин миқдор 88119,8 тонна сабзавот, аз он 87983,3 тонна пиёз, 288,7 тонна полезӣ, мевагиҳо ва лимон 3200,1 тонна, 4,5 тонна ангур ва 741,8 тонна дигар намуди маҳсулотҳоро ташкил дода, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2119,2  тонна зиёд мебошад.