Дурнамои содироти маҳсулоти кишоварзӣ дар вилояти Хатлон беш аз 115 дарсад иҷро гардид.

Ба иттилои Шарофиддин Асомиддинзода, мудири бахши намояндагии Агентии содироти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон, дар нуҳ моҳи соли 2020 аз шаҳру навоҳии вилояти Хатлон ба хориҷи мамлакат ба ҷойи 90 ҳазор тоннаи дурнамо, наздик ба 104 ҳазор тонна маҳсулот, аз ҷумла сабзавоту мевагӣ ва полезиҳо содирот шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 14246 тонна бештар аст.
— Имсол ҳосили пиёз ва дигар анвои сабзавоту мевагиҳо дар вилоятамон фаровон шуд, — афзуд мавсуф. – Аз вилояти Хатлон ба мамлакатҳои хориҷӣ, аз ҷумла Россия, Қазоқистон, Афғонистон, Покистон, Қирғизистон, Туркия, Ироқ, Амороти Муттаҳидаи Араб, Литва ва дигар мамлакатҳо маҳсулоти кишоварзӣ интиқол дода шудааст.
Ба қавли манбаъ, аз вилояти Хатлон ба хориҷи мамлакат асосан пиёз (92867 тонна), мева ва лимӯ (3723 тонна), ангур (2744 тонна), полезӣ (60 тонна), каду (60 тонна), дигар анвои маҳсулот (1443 тонна) содирот шудааст.
Иҷрои дурнамои содиротро шаҳри Бохтар 193 фоиз, ноҳияҳои Ҷайҳун 135% ва Дӯстӣ 114% таъмин намудаанд.
Шуъбаи иттилоотию таҳлилии
дастгоҳи раиси вилояти Хатлон