13 майи соли ҷорӣ дар боғи водии Вахши вилояти Хатлон  воқеъ дар шаҳри Бохтар намоиши дастранҷи мардуми заҳматкаши вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва вилояти Хатлон баргузор гардид. Аз рафти  намоиши маҳсули дастранҷи заҳматкашон раисони вилоят Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода, Шодихон Ҷамшед ва меҳмонони олиқадр дидан намуда, ба ҳунари онҳо баҳои баланд доданд. Раиси вилояти Хатлон бо ҳунармандон мулоқот намуда маслиҳатҳо дода шуд, ки чунин ҳунарҳои дастиро зиёд намуда, соли 2018 Соли рушди сайёҳи  аст, ба Ҷумҳурии Тоҷикистон сайёҳони хориҷӣ ташриф оварда истодаанд ва ин сайёҳон ба вилоятҳо омада аз чойҳои таърихи дидан менамояд, Шумо метавонед ҳунарҳои дастии хешро пешкаши онҳо гардонед. Чорбинии мазкур хело хотирмон анҷом ёфт.

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here